
Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
СИЁСАТИ ҶАВОНОН
(рисолаи илмӣ)
Муқарризон:
Набиев В. М. — доктори илмҳои таърих, профессор, Академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия
Қозиён Ш. Қ. — мудири кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор
Миралиён Қ. А., Сиёсати ҷавонон: рисолаи илмӣ. — Душанбе: 2026. — 372 с.
Рисолаи мазкур фарогири масъалаҳои илмию назариявӣ, асосҳои консептуалӣ ва методологии сиёсати ҷавонон ва ҷавонон ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ буда, хулоса ва тавсияҳои он барои татбиқ дар фаъолияти илмию тадқиқотӣ, таълимӣ, омӯзгорӣ, эҷодӣ, маърифатӣ, иттилоотӣ ва барномасозӣ дар соҳаи сиёсати иҷтимоӣ ва идоракунӣ пешниҳод мегарданд.
Натиҷаҳои тадқиқот барои истифода дар самти амалисозии самаранок ва рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла дар ҷараёни ниҳодикунонӣ ва ислоҳоти низоми идоракунии соҳаи мазкур тавсия мегардад.
© Миралиён Қ. А., 2026
ПЕШГУФТОР
Зарурат ва аҳамиятнокии ташаккул ва рушди сиёсати ҷавонон аз мавқеъ, нақш ва эътирофгардии он дар шароити муосири Тоҷикистон ва арсаи ҷаҳонӣ асос меёбад. Сиёсати ҷавонон дар рушди самти иҷтимоии давлат ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва стратегӣ муқаррар гардидааст. Дар ин росто — «Мо ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем» — иброз мекунад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, 23 майи соли 2013.
Заминаҳои илмии сиёсати ҷавонон ҳамчун равиши илмии муосир ба масъалагузории моҳият, рисолат ва таъсиррсонии нав ба ҷомеа ва ҷавонон, инчунин бунёдгузорӣ ва ояндадории он асос меёбад. Вижагиҳои назариявӣ, таҷрибавӣ ва ниҳодикунонии сиёсати ҷавонон дар ҷараёни ташаккулёбӣ қарор дорад, зимнан, таҳқиқи шаклҳои гуногун ва технологияҳои рушд, устувории низом, таҳкими сохторӣ, идорӣ, илмӣ ва методологии онҳо тақозо мегардад.
Дар доираи яке аз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлкат соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон мегардад. Дар ҳамин ҷо иброз менамояд, ки «Амалисозии босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввали истиқлолият дар меҳвари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад».
Аҳамиятнокии рушди сиёсати ҷавонон дар ҷомеаи муосир ҳамчунин, ба эътирофёбии он дар сатҳи байналмилалӣ ба сифати институти фаъоли ҷараёнҳои сиёсӣ асос меёбад.
Ҳанӯз соли 1965 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ Декларатсия «Дар бораи дар миёни ҷавонон паҳн намудани идеалҳои сулҳ, эҳтироми мутақобила ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо» қабул гардида буд, ки асосан хусусияти тарбиявӣ дошта, ҷавононро ба сулҳдӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ ҷалб менамуд. Дар соли 1998 за ҷониби ҳамин ташкилоти байналмилалӣ Декларатсия (Лиссабонӣ) оид ба сиёсати ҷавонон ва барномаи ҷавонон қабул мегарад, ки бо назародошти ташаккулдиҳии сиёсати ҷавонон дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон 8 самтро фаро мегирад, мувофиқан ин муносибат аҳамиятнокӣ ва зарурати омӯзиши илмию амалии сиёсати мазкурро, аз ҷумла таҳияи тадбирҳо ва технологияҳоро оид ба ташаккулдиҳии асосҳои институтсионалӣ, илмии технологӣ ва таҷрибавӣ (эмпирикӣ) баланд мебардорад.
Ҳамчунин, дар сатҳи кишварҳои ИДМ Созишномаи давлатҳои иштирокчии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон қабул мегардад, ки аз эътирофи нақш ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа дарак медиҳад, зимнан, ин муносибат аҳамиятнокии рушди сиёсати давлатии ҷавононро дар шароити демократикунониӣ ва ё дигаргунсозии ҷомеа баланд мебардорад.
Ҳамин тариқ, дар шароити таваҷҷӯҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои ҷавонон, эътироф гардидани сиёсати ҷавонон дар сатҳи байналмилалӣ ва ИДМ зарурати омӯзиши (тадқиқи) бунёдӣ, баррасӣ ва таҳияи тадбирҳои муосир, механизмҳо ва технологияҳо барои беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии ҷавонон тариқи рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон зарурат пайдо мекунанд. Вазифаи асосии баррасии илмии сиёсати ҷавонон — ин омӯзиши (таҳқиқи) назариявию методологӣ ва таҷрибавии (эмпирикии) вазъи ҷавонон ҳамчун объекти (ҳамзамон субъекти) асосӣ ва равонасозии онҳо ҷиҳати беҳтаргардонии муносибатҳо дар ҷомеа мебошад.
Зарурати омӯзиши ҷавонон ба сифати субъект ва ё объекти илм ба якчанд хусусиятҳои табиӣ, демографӣ, физиологӣ, психологӣ ва гуманистӣ ба монанди ҷавонӣ, оммавият, серҳракатӣ, тавононӣ, чандир (ёзанда), нерӯмандӣ, захиравӣ ва ояндасозӣ доштани онҳо асос меёбад.
Имрӯз аз нисф зиёди аҳолии рӯи ҷаҳонро шахсони то 30 сола, яъне шахсони ҷавон ташкил медиҳанд, ки аҳамиятнокӣ ва арзишмандии ҷавонон ва сиёсати ҷавонон ва нақши онҳоро дар рушди муносибтаҳо дар ҷаҳони муосир инъикос менамояд.
Тоҷикистон аз рӯи нишондодҳои демографӣ дар байни кишварҳои ҷаҳон ҷавонтарин давлат ба ҳисоб меравад, чун синну соли миёнаи аҳолӣ ба 26,6 сол баробар аст — 70 фисади аҳолиро шахсони ҷавон ташкил медиҳанд.
Ҳамин тариқ, ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон ҳар рӯз набзи нав касб намуда, дар шароити ҷомеаи муосир ҳар қадар зиёд талабот ва талабгор пайдо мекунанд. Дар ҳолати имрӯза дар қисми зиёди кишварҳо сиёсати давлатии ҷавонон аллакай ташаккул ёфтааст. Шумори зиёди олимону муҳаққиқон ва ташкилотҳои тадқиқотӣ ҳам сиёсати давлатии ҷавонон ва ҳам ҷавононро дар маҷмӯъ ва ҳам дар алоҳидагӣ меомӯзанд. Ҳадаф аз ин таҳлилу омӯзишҳо, ин дарёфти механизмҳо ва технологияҳои мувофиқ ва муносиби мутақобилан судманди истифодаи самаранок ва рушди ҷавонон ҳамчун қисмати ҷамъияти илмӣ ва ҷомеаи фаъол, инчунин таҳкими сиёсати ҷаҳонӣ ва сиёсатҳои миллии давлатӣ нисбат ба онҳо мебошад.
Ҷавонон — ин гурӯҳи мураттабсоз ва иҷтимоии демографиест, ки қисми серҳаракати эҷодӣ ва ҳасоси аҳолиро ташкил медиҳад. Шахси ҷавон қувваи зиёд дорад ва қобилияти зудмутобиқшавиро ба талаботи ҷомеа ва табдилёбиро ба равандҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ соҳиб мебошад.
Омӯзиши ҷавонон ҳамчун объект, ҳамзамон субъекти илм ҳанӯз аз аввалҳои асри XX оғоз гардидааст. Дар даҳсолаҳои охир доираи омӯзиши масъалаҳои (мушкилоти) ҷавонон васеъ гардида, ба мавзӯи тадқиқотҳои илмҳои гуногуни гуманитарӣ, ба монанди психология, педагогика, сотсиология, демография, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ, таърих ва ғайра табдил меёбад.
Олимонро усулҳои гуногуни омӯзиши мавзӯъ, ҳамчунин анъанаҳои басинфҷудокунӣ дар мактабҳои муайяни илмӣ ташаккулёфта ҷудо месозад. Омилҳои идеологӣ низ, нақши аҳамиятнок мебозанд, чун ҷавонон дар раванди муборизаи ҳасоси сиёсӣ қарор доранд.
Қисми зиёди олимон, ба сифати нишонаҳои муҳими гурӯҳбандии ҷавонон, хусусиятҳои синнусолӣ ва асосҳои вазъи иҷтимоии ба онҳо робитадоштаро, ки ба ин ва ё он рукнҳои иҷтимоии психологӣ вобастагӣ дорад, эътироф намудаанд.
Оилмони зиёди хориҷӣ ва ватанӣ, ба монанди Боенко Н. М., Григор. ева Р., Ил. инский И. М., Михайлова М. В., Митева П., Нехаева В. В., Новикова Т., Радионова В. А., Раҳимов И. Х., Икромов Ғ. Х., Тураева З. Н., Ҳоидбоев Ф. А. ва диг. ҷавононро ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ мавзӯи тадиқиқоти худ қарор додаанд, ки чандин маротиба ба зарурати омӯзиши амиқи ин гурӯҳ ба сифати василаи сифатӣ ва миқдорӣ дар самти беҳгардонии вазъи иҷтимоӣ ва рушди ҷомеаи муосир таъкид кардаанд.
Дар ҳақиқат, ҷавонон қисми ҷудонашавандаи дигаргуниҳои иҷтимоии ҷомеа буда, қувваи бузург ва иқтидори (нерӯи) навоварро, ки барои ташаккулёбии дилхоҳ шакли давлатдорӣ зарур мебошад, ташкил медиҳанд. Барои ҳамин ҳам мебояд ин захираро бисёр боэҳтиёт ва самаранок истифода бурд.
Илми хос, ки дар шароити омӯзиши гуногунҷабҳаи мушкилоти шахсиятҳои ҷавон дар муҳити илм ҳамчун соҳаи нави дониши маҷмӯии байнифаннӣ — илм дар бораи наврасӣ, ҷавонон (juventilis — лот.: ҷавонӣ, наврасӣ; logos — дониш) ба омӯзиши амиқи ҷавонон ва масъалаҳои ҷавонон машғул гардидааст, ин ювенология мебошад. Ювенология ба дониши байнифаннӣ оид ба раванди рушди насли наврас дар робитаҳои иҷтимоии иқтисодӣ, фарҳангӣ, рӯҳӣ ва физиологӣ, ки ташаккулёбии комили шахсиятро таъмин менамояд, асос меёбад.
Фарди ҷавон ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи зиёди ҷомеашиносонро ҷалб намуд. Дар баробари ин, қисми зиёди донишҳо дар бораи ҷавонон хусусияти иҷтимоии гуманитарӣ доранд, ки аҳамиятнокии онро (донишро) нисбат ба шахсони ҷавон зиёд мегардонд. Омӯзиши зичи мушкилоти иҷтимоии ҷавонон фани нав — «сотсиологияи ҷавонон» -ро ба вуҷуд овард. Сотсиологияи ҷавонон ҳамчун илм аз се зина иборат мебошад: 1) умумиметодологӣ — шинохти ҷавонон ҳамчун ҷамъиятан фавқулода / беҳамто; 2) махсуси назариявӣ, ки ҷавононро ба сифати қисми алоҳидаи иҷтимоии демографӣ меомӯзад; 3) таҷибавӣ (эмпирикӣ) — таҳлили вазъи ҷавонон бар асоси омилҳои собитшаванда дар соҳаҳои дахлдори.
Омӯзиши зичи моҳияти ҷавонон ва муносибатҳои мутақобилаи онҳо дар ҷомеа, иштирок дар азнавсозиҳои иҷтимоии иқтисодӣ ва сиёсии давлатҳо ва ҷамъиятҳо, афзоиши талаботи онҳо аз ҳукуматдорон ба ташаккулдиҳии сиёсати ҷавонон боис мегардад.
Амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷаҳони муосир дар шароитҳои зудтағйирёбӣ ва демократикунонии ҷомеа беш аз пеш зарурат пайдо мекунад, инчунин хусусияти аҳамиятноки сиёсати мазкур бар ҷавон будани он ва он ки ояндаро имрӯз муайян месозад, асос меёбад.
Масъалаҳои ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои олимони зерини ватанӣ кушода шудаанд: Асадуллоев Р. Н., Ашуров С. Б., Набиев В. М., Ҳакимов Ш., Раҳимов И., Тураева З. Н., Ҳоидбоев Ф. А. Аз ҷониби олимони мазкур то ҳадди муайян нақши ҷавонон дар шароитҳои демократикунонии ҷомеа, тарбияи сиёсии ҷавонон, ҷараёнҳои таърихии барқароршавии сиёсати ҷавонон, масъалаҳои амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон тавассути низомҳои махсусгардонидашудаи идоракунӣ, сохтори мақомоти давлатии кор бо ҷавонон, таҳкими иқтидорнокии ташкилотҳои ҷавонон, дастгирии институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иштироки онҳо дар татбиқи барномаҳои давлатии соҳаи сиёсати ҷавонон дар Тоҷикиситон омӯхта шудаанд.
Мактаби ватании «сиёсати ҷавонон», дар ҳақиқат, шароитҳои зиёдеро барои ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон фароҳам овардааст, аммо иқтидори он дар таносуб ба мактабҳои аврупоӣ ва ё россиягӣ хеле заиф арзёбӣ мегардад. Танҳо як далел, ки дар ин кишварҳо соҳаи мазкур, аллакай, ба сифати фанни илмӣ ва мавзӯӣ ворид гардидааст (пазируфта шудааст) ва дар Тоҷикистон не, шаҳодати хулосаи боло мебошад. Барои ҳамин ҳам тадқиқоти мазкур идомаи мантиқии мактаби ватанӣ мебошад, мувофиқан, ба рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон тавассути коркарди механизмҳо / технологияҳои муосир, зимнан, воридсозии он ба сифати фанни илмӣ ва мавзӯӣ мусоидат менамояд.
Заминаҳои назариявӣ-методолгии рисолаи мазкур ба тавсеаҳои муосири илмию назариявӣ ва таҳлилии дар тадқиқотҳои олимони гуногуни ватанию хориҷӣ асос меёбад. Ҳамчунин, дар раванди тадқиқот таҳлилҳои ташкилотҳои байналмилалии СММ (Муҳоҷирати ҷавонон), Бонки умумиҷаҳонӣ (Гузориш дар бораи рушди ҷаҳонӣ), Ташкилоти умумиҷаҳонии меҳнат (Қатъномаи алоқаманд ба шуғли ҷавонон) ва маводҳои маҷаллаи байналмилалии «Youth & Policy» (бо забонҳои русӣ ва англисӣ) истифода бурда шудаанд.
Дар ҳошияи моделикунонии сиёсии сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон консепсияи рушди бонизоми байнисоҳавии он тавассути амалҳои мутақобилаи ҳокимият, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ таҳия гардидааст. Дар ин росто, дар тадқиқот консепсияи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва ҷанбаҳои сиёсӣ-дипломатии Барномаи умумиҷаҳонии амалиёти ҷавонон то соли 2000 ва пас аз он истифода гардидаанд.
Ҳамин тариқ, дар доираи тадқиқоти мазкур масъалаҳои зерин ҳамчун навовариҳои илмӣ ва ё механимзмҳои ташаккул ва рушди ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон муайян карда шуданд.
— Муҳимтарин масъалаҳои назариявӣ ва консептуалии омӯзиши сиёсати ҷавонон дар ҷараёни ташаккулёбии муносибатҳои муосири илмӣ–назариявӣ, сиёсӣ ва институтсионалӣ баррасӣ карда шуда, мулоҳизаи муаллифии рушди он дар шароитҳои дигаргунсозии демократии ҷомеа пешниҳод гардидааст. Дар ҳамбастагӣ ба ин, зарурати рушди равияи нави илмӣ бо фарогирии омӯзиши масъалаҳои интегратсионӣ, байнисоҳавӣ ва методии сиёсати ҷавонон ва мушкилоти ҷавонон, чӣ дар маҷмӯъ ва чӣ дар алоҳидагӣ (аз рӯи соҳаҳо), асоснок карда шудааст.
Бояд зикр намуд, ки омӯзиши илмии сиёсати ҷавонон дар ҷомеа, одатан, ҳамчун як равияи илмӣ (сиёсӣ) фаҳмида мешавад, аммо танҳо далели аҳамияти байнисоҳавӣ, бисёрамалӣ ва байнифаннӣ доштани он, бисёрҷабҳа будани ин соҳаро инъикос менамояд, ки дар баробари омӯзиши сиёсии он, боз омӯхтани асосҳо, ҷараёнҳо, падидаҳо ва хусусиятҳои сотсиологӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, идоракунӣ, фарҳангӣ, омӯзгорӣ, психологӣ ва таърихии он тақозо мегардад;
— Консепсияи назариявии амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон бар асоси вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ бо сохторҳои (тарзҳои) амудӣ ва уфуқӣ, ҳамчунин усулҳои мудохилаи бисёрсоҳавӣ, масъулияти интизомӣ ва таъсиррасонии принсипиалӣ пешниҳод гардидаст. Консепсияи мазкур бо назардошти амалисозии бонизом ба рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат мекунад;
— Соҳаҳои асосии афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд, ки ба сифати технологияи асосии заминавии рушди он, иборат аз: 1) иштироки ҷавонон; 2) шуғли ҷавонон; 3) ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон; 4) таҳсилоти муносиб барои ҷавонон; 5) таъминоти иҷтимоии ҷавонон; 6) таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон; 7) мустақилияти иқтисодии ҷавонон; 8) ватандӯстии ҷавонон; 9) рафтори шоиста ва фарҳанги ҷавонон; 10) ҷанбаҳои институтсионали ва илмӣ–амалии сиёсати давлатии ҷавонон, тартиб дода шудаанд, ки бар шароитҳои вазъияти баамаломада нисбат ба ҷавонон, талаботи онҳо, вобастагӣ ва робитаи мутақобила байни ҷомеа, ҳукумат ва худи ҷавонон таҳия (коркард) гардидаанд;
— Вазъияти умумии (бори аввал дар мамлакат) иҷтимоӣ–иқтисодӣ ва сиёсии ҷавонон дар робита ба амалисозии афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон пешниҳод (таҳлил) гардидааст.
Муайян карда шуд, ки механизмҳои ҷории амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон бар сохтори нақшавии амалӣ бо усулҳои анъанавии татбиқсозӣ асос ёфтаанд, ки ба низомҳои патриархалии (оддии) идоракунӣ шомил мебошанд. Мувофиқан, технологияҳои идоракунии муосири байнисоҳавӣ, бисёрсоҳавӣ, маҳаллӣ ва матрисавӣ пешниҳод карда шуданд;
— Низоми ниҳодикунонии илмӣ, тадқиқотӣ ва назариявӣ-методологии алоқаманд ба сиёсати давлатии ҷавонон пешниҳод карда шудааст, ки аз чунин ҷузъиётро / вазифаҳоро фаро мегирад: ошкорсозии мураттаб, омӯзиш, таҳлил, пешбинӣ ва пешгӯии мушкилоти ҷавонон, касбикунонии «кор бо ҷавонон», сохторҳои амудӣ ва уфуқии таҳлили (мониторинг ва баҳогузории) амалисозии соҳои сиёсати давлатии ҷавонон, натиҷанокии он ва таъсиррасонӣ ба фаъолнокии сиёсӣ ва мутобиқати иҷтимоии ҷавонон дар ҷомеа;
— Модели нави муосидаткунанда ба рушди устувори сиёсати ҷавонон дар шароити рушди демократии ҷомеа — механизми байнисоҳавии амалҳои мутақобила байни ҳокимияти сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ муайян гардид;
— Василаҳои дастрас — усулҳои амалисозии самараноки қонунгузории сиёсати ҷавонон, аз ҷумла барномаҳои мақсадноки рушди ҷавонон тавассути ҳамкориҳои мутақобила ва шарикии байни сбуъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ муайян карда шуданд;
— Механизми муосири рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар робита ба хусусиятҳои идеологияи миллӣ бо назардошти ба ҷавонон талқин намудани асосҳои демкоратӣ, озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва арзишҳои фарҳангии ҳаёт бо усули амалҳои мутақобилаи байнисоҳавӣ ва маҳаллии байни институтҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ҳамчун амалисозии самараноки асосҳои идеологии сиёсати давлатии ҷавонон арзёбӣ мегардад, коркард (таҳия) гардид. Мулоҳизаи (назарияи) идеологяи миллӣ — таълим (омӯзонидан), талқин ва рӯҳбаландии ҷомеа ба хусусиятҳои (асосҳои) демократӣ, озодӣ, мустақилият ва фарҳангии арзишҳои ҳаётӣ — муайян карда шуд;
— Консепсияи «иштироки ҷавонон» дар рушди ҷараёнҳои демократии давлат тавассути муайян кардани ҳиссаи намояндагии ҷавонон дар ҳар се шохаи ҳокимият, ки ба ҷавонишавии кадрӣ ва таҳкимёбии низоми идоракунии давлатӣ боис мегардад коркард (таҳия) карда шуд. Ҳамзамон, ба низоми идоракунии сиёсати давлатии ҷавонон додани мақоми «мактаби кадрҳо» асоснок карда шудааст, ки дар ҳақиқат бояд рисолати асосии худ — омодасозӣ ва баамалбарории захираҳои кадриро иҷро намояд;
— Механизми наври рушди сиёсати ҷавонон — ташаккулдиҳии парламентаризми ҷавонон, ки фарогири иштироки фаъоли (намояндагии) ҷавонон дар мақомоти қонунгузории ҳокимияти давлатӣ мебошад, коркард (таҳия) гардид.
Механизми мазкур ба фаъолнокии сиёсии ҷавонон ва таҳкими иқтидори технологии сиёсати ҷавонон, ки бар таҷриба, дастовардҳои мамлакатҳои хориҷӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон асос меёбад, равона гардидааст;
— Модели рушди мунтазам ва устувори сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба муттаҳидсозӣ ва рушди иқтидорҳои тарафҳои гуногун, ба монанди ҳокимияти сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ таҳия гардид.
Модели мазкур бо назардошти афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон ба сифати мехнизми ягонаи стратегӣ, ки фаъолияти амалӣ ва рушди сиёсати ҷавононро дар шароитҳои демократикунонии ҷомеа таъмин месозад, пешниҳод гардидааст. Қисмати амалии роҳандозии тадбирҳо аз рӯи модели мазкур ба маҳалликунонӣ ва ғайримуттамарказонии муносибатҳо, ҳамчунин тақсимоти баробари уҳдадориҳо дар асоси имкониятҳои воқеии амалии субъектҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон равона гардидааст.
Рисолаи мазкур, ки масъалаҳои илмию назариявӣ ва заминаҳои консептуалии сиёсати ҷавононро баррасӣ намудааст, хулоса ва тавсияҳои он барои истифодаи васеъ дар фаъолияти илмию тадқиқотӣ, таълимию омӯзгорӣ, эҷодию маърифатӣ ва иттилоотию барномавӣ (барномасозӣ ва банақшагирӣ) пешниҳод мегардад. Масъалаҳои консептуалии ошкоршуда ва усулҳои мутақобилаи ҳамгироӣ ва байнисоҳавӣ ба васеъ гардидани майдони тадқиқоти илмӣ ва рушди назариявию методологии сиёсати ҷавонон имокният медиҳанд.
Аҳамиятнокии амалии рисола ба коркарди технологияҳои мукаммали рушди устувори сиёсати ҷавонон ҳамчун «хусусиятҳои илмию назариявӣ ва контсептуалии сиёсати давлатии ҷавонон», «афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон», «иштироки ҷавонон», «заминаҳои идеологии сиёсати давлатии ҷавонон», «парламентаризми ҷавонон» ва «модели муназзами байнисоҳавии амалҳои мутақобилаи ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ» асос меёбад.
Натиҷаҳои асосии тадқиқот метавонанд дар амалисозии самаранок ва рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла дар раванди ниҳодикунонӣ (институтсионализатсия) ва ислоҳоти низоми идоракунии соҳаи мазкур истифода карда шаванд. Заминаҳои назариявӣ, методологӣ ва технологияҳои таҳияшуда метавонанд барои ба сатҳи баланд бардоштани таъминоти институтсионалӣ, илмию назариявӣ ва амалии сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат намоянд.
ИХТИСОРАҲО
ВМКБ — Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
ИМА — Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
ИҶ — иттиҳолияи ҷамъиятӣ
КМД — мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ё кумитаҳои маҳаллаву деҳот
ММД — маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ
МОИ — минтақаи озоди иқтисодӣ
СДҶ — сиёсати давлатии ҷавонон
СММ — Созмони Милали Муттаҳид
СМР-2030 — Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
СҶС — Созмони Ҷаҳонии Савдо
ТҒТ — ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ
ТҒҲ — ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ (ба қайди давлатӣ гирифта шуда)
ҲРУ — Ҳадафҳои рушди устувор
ҲХДТ — Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
БОБИ 1. АСОСҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА МЕТОДОЛОГИИ ТАШАККУЛЁБИИ СИЁСАТИ ҶАВОНОН
§1.1. Ҷанбаҳои назариявӣ ва зарурати ташаккулёбии сиёсати ҷавонон ҳамчун илм ва фанни таълимӣ
Ҷавонон ҳамчун захира ва сиёсати ҷавонон ҳамчун дастгоҳи идоракунии ин манбаъ (захира) ҳар рӯз такони нав пайдо мекунанд ва дар ҷомеаи муосир ба онҳо талабот бештар мешавад. Бисёр олимон, тадқиқотчиён, сиёсатмадорон, доираи тиҷорат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷомеаҳои байналмилалӣ ва дигарон онҳоро барои дарёфти нуқтаҳои мувофиқ ва равишҳое, ки барои ноил шудан ба ҷанбаҳои башардӯстонаи рушд, инкишофи муносибатҳо ва имкониятҳои ҷавонон ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи фаъол меомӯзанд.
Даҳсолаҳои ахири рушд ва шароит, бахусус талаботи рушди технологӣ, ки ба тағйироти босуръати ҷомеа таъсир мерасонанд, аз он шаҳодат медиҳад, ки наслҳои нав устувортар, қобилиятнок ва чандирпазиранд ва аз ин рӯ, метавонанд хеле зуд дигаргун, ба талаботи ҷомеаи муосир мувофиқ шуда, ҷои наслҳои гузаштаро ишғол кунанд. Ин қобилияти зудтағйирёбӣ ва мутобиқшавии устувори ҷавонон таваҷҷӯҳи атрофиён, аз ҷумла муҳити ташкилию амалӣ ва илмиро ба худ ҷалб мекунад.
Дар баробари ин мувофиқи хосиятҳои физиологӣ ва биологии ҳаёти ҷамъиятӣ, захираҳои кӯҳна ҳамеша бо захираҳои нав иваз карда мешаванд, ки тадриҷан ба захираи тару тоза табдил меёбанд ва ба шароити муҳити зист мутобиқ мешаванд. Нуктаи муҳим дар ин табдилдиҳии систематикӣ ва генетикӣ дар он аст, ки ҳама чиз бояд дар ҷойи худ бошад ва сари вақт тағйир ёбад. Вайрон кардан ё қасдан тағйир додани ин механизм номувозинатиро ба вуҷуд меорад ва дар ниҳоят метавонад ба оқибатҳои хатарбор оварда расонад.
Аз ин рӯ, ин қишри ҷомеаро аз нуқтаи назари илмӣ хеле бодиққат бояд омӯхт, механизмҳои тағйирёбии табиӣ ва ба ҷомеаи муосир мутобиқ шудани онҳоро мавриди амал қарор додан лозим мегардад. Яъне, субъектҳои илмию таҳқиқотӣ бояд ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳ намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори марказӣ ва маҳаллӣ раванди тағйирёбӣ ва талаботи онҳоро ба шароитҳои муносиб муайян амалӣ намоянд.
Зарурати омӯзиши ҷавонон ҳамчун субъекти мустақили илмӣ ва амалӣ аз якчанд хусусиятҳои табиӣ, демографӣ, физиологӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ, аз қабили ҷавонӣ, оммавӣ, пурҳаракатӣ, пуқувватӣ, чандирӣ, пуриқтидорӣ, захиравӣ ва ғайра доштани онҳо бармеояд.
Имрӯз беш аз 50% аҳолии ҷаҳонро шахсони то 30-сола, яъне ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин аҳамиятнокии ҷавонон ва нақши муҳим доштани сиёсати ҷавононро арсаи ҷаҳонӣ инъикос менамояд [].
Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаҳои демографӣ дар байни кишварҳои ҷаҳон ҷавонтарин кишвар мебошад; синни миёнаи аҳолӣ 26,6 сол буда, 70 фоизи аҳолии кишварро шахсони то 30 сола, ҳамчунин 32,9 фоизи сокинонро ҷавонони 14–30 сола ташкил медиҳад [, с.27].
Ҷавонон — гурӯҳи иҷтимоӣ, демографӣ, ташаккулдиҳандаи низомҳо буда, ҳамчун қисми серҳаракат ва осебпазири аҳолӣ арзёбӣ мегардад. Шахси ҷавон нерӯ ва тавоноии бештар дорад, зимнан ба шароити ҷомеа зуд мутобиқ мешавад ва ба низоми сиёсиву иқтисодӣ зуд ҳамгиро мегардад.
Омӯзиши ҷавонон ҳамчун объект ва ҳамзамон субъекти илм аз ибтидои асри 20 оғоз ёфт. Дар ин давра олими амрикоӣ Стэнли Холл назарияи фанҳои психологӣ, антропологӣ ва иҷтимоӣ-мантиқии ҷавононро пешниҳод кард [, с.110]. Дар даҳсолаҳои охир доираи омӯзиши муҳити ҷавонон васеъ шуда, ҳамчун мавзӯи тадқиқоти бисёр илмҳои гуманитарӣ, аз қабили фалсафа, психология, педагогика, ҷомеашиносӣ, демография, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ, таърих ва ғайра табдил ёфт.
Олимонро равишҳои гуногуни омӯзиши ҷавонон ҷудо менамояд, инчунин анъанаҳои таснифӣ, ки дар мактабҳои муайяни илмӣ ташаккул ёфтаанд. Омилҳои идеологӣ низ, дар ин самт нақши муҳим мебозанд, зеро ҷавонон дар марҳилаи муборизаҳои шадиди сиёсӣ қарор доранд.
Аксари олимон хусусияти синну солӣ ва нишондодҳои иҷтимоии ба он алоқамандро ҳамчун мавқеи иҷтимоӣ эътироф кардаанд, инчунин хосиятҳои муайяни иҷтимоию–психологиро муҳимтарин омили ба гурӯҳи муайян шомил шудани ҷавонон арзёбӣ намудаанд.
Ҷомеашиносон аввалин шуда ҷавононро ҳамчун як гурӯҳи иҷтимоӣ бо хусусиятҳои фарҳангӣ, манфиатҳои мушаххас, арзишҳо ва меъёрҳои рафтории ба худ хос шинохтанд.
Пас аз бартараф гардидани нофаҳмиҳо ва равишҳои маҳдуди классикӣ оид ба муайян кардани ҷавонон, инчунин мафҳумҳои маҳдуди эмпирикӣ, ки ба бисёре аз мактабҳои ювенологӣ хос мебошанд, тадриҷан ба гурӯҳи иҷтимоӣ-демографӣ назари васеътар ташаккул ёфт.
Ҷавононро ҳамчун субъекти илм бисёре аз олимони хориҷӣ ва ватанӣ, аз қабили Н. М. Боенко, Р. Григорьева, И. Илинский, М. Михайлова, Митева П., Нехаева В. В., Новикова Т., Радионова В. А., Раҳимов И. Х., Миралиён Қ. А., Икромов Ғ. Х., Тураева З. Н., Ҳоидбоев Ф. А. ва дигарон омӯхтаанд, ки борҳо зарурати омӯзиши амиқи ин гурӯҳро ҳамчун воситаи муҳим ва калидӣ дар самти беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоӣ ва рушди ҷомеаи муосир таъкид кардаанд.
Лисовский В. Т. яке аз аввалинҳо шуда мафҳуми «ҷавонон» -ро муайян кард: «Ҷавонон — насле мебошанд, ки марҳилаи иҷтимоишавиро (сотсиализатсияро) гузашта, қобилияти азхудкунии функсияҳои (вазифаҳои) омӯзишӣ, касбӣ, фарҳангӣ ва дигар падидаҳои иҷтимоиро дошта ва онҳоро дар калонсолӣ аз худ карда ба ҳисоб мераванд; вобаста ба шароити мушаххаси таърихӣ нишондодҳои синнусолии ҷавонон метавонанд аз 16 то 30 сола бошанд» [, с. 38].
Ҳамчунин, аз ҷониби олимони болозикр муайян гардидааст, ки ҷавонон — дар дигаргунсозиҳо ва навовариҳои иҷтимоӣ қувваи бузург ва субъекти муҳим мебошанд. Ин қувваро мебояд оқилона истифода бурд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки намояндагони гурӯҳҳои ҷавонон аз рӯи минтақа ва сатҳи азхудкунии таҳсил ва фарҳанг фарқ мекунанд ва ба таълиму тарбия низ, таваҷҷуҳи гуногун доранд. Аммо талабот нисбат ба ҷавонон, дар умум яксон аст ва на ҳама ба онҳо тоб оварда метавонанд.
Ба ақидаи М. Илинский — ҷавонон арзиши асосӣ ва навъи махсуси ҷамъиятӣ мебошад; ин на танҳо як мафҳуми демографӣ аст, балки иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ низ мебошад; ин падидаи воқеии ҷамъиятиест, ки ҳамеша ҳамчун зергурӯҳи бузургу мушаххаси синнусолӣ боқӣ мемонад, барандаи неруи бузурги зеҳнӣ ва қобилияти махсуси эҷодӣ мебошад [, с. 108].
Дар ҳақиқат, ҷавонон қисми ҷудонопазири дигаргуниҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошанд, онҳо қудрати бузург ва иқтидори инноватсиониро барои ташаккули ҳама гуна шаклҳои сохти давлатӣ ташкил медиҳанд, аз ин рӯ бояд аз ин манбаъ хеле бодиққат ва самаранок истифода намуд.
И. С. Кон: Ҷавонон — гурӯҳи иҷтимоию–демографие мебошад, ки дар асоси маҷмӯи нишондодҳои синнусолӣ ва хусусиятҳои вазъи иҷтимоӣ ва шароитҳои иҷтимоию психологӣ муайян карда мешаванд [, с. 478].
Ҷавонон чун як қишри муҳимми ҷомеа мавриди омӯзиши илмҳои гуногуни ҷамъиятшиносӣ қарор дошта, ҳар кадом мувофиқи самт ва ё равиши худ мафҳуми «ҷавонон» -ро баррасӣ мекунанд. Аммо дар умум мафҳуми ҷавононро чунин мқарра кардан мумкин аст: «ҷавонон — гурӯҳи иҷтимоӣ-демографӣ ва ташаккулдиҳандаи низомҳо буда, қишри нисбатан пурҳаракат, эҷодкор, аммо осебпазири аҳолӣ мебошад» мебошад. Шахси ҷавон нерӯ, қувва ва тавоноии бештар ва қобилияти зуд мутобиқ шудан ба шароити ҷомеа ва мувофиқи низоми сиёсиву иқтисодӣ хоситяи дигаргун шуданро дорад.
Ба омӯзиши васеи мушкилоти ҷавонон ва ҷавонон ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ ювенологҳо машғул шудаанд. Дар шароити омӯзиши мушкилоти гуногунҷанбаи ҷавонон дар муҳити илмӣ соҳаи нави дониши маҷмӯии байнифаннӣ — ювенология, илм дар бораи наврасон, ҷавонон (juventilis лот.: ҷавонӣ, наврасӣ; logos дониш) падид омад [].
Ювенология ба дониши маҷмӯии байнифаннӣ дар бораи раванди рушди насли наврас дар робита бо падидаҳои иҷтимоӣ–иқтисодӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва физиологӣ асос ёфтааст, ки онҳо ба ташаккулёбии шахсияти баркамол мусоидат мекунанд. Ин фанҳо демография, ҷамъиятшиносӣ (сотсиология), биология, равоншиносӣ (психология), сиёсатшиносӣ, иқтисод, ҳуқуқшиносӣ ва ғайра мебошанд.
Мактаби илмии ювенология дар солҳои 90-ум дар Федератсияи Русия маъруфият пайдо кард, аммо оғози ташаккулёбии ин илм ба солҳои 60-уми асри гузашта рост меояд. Яке аз муассисони он Е.Г.Слутский соли 1996 ташкили Академияи ювенологияро ташаббус мекунад, ки ба он олимон ва таҷрибаомӯзони 25 шаҳри Русия шомил мегарданд [, с.66]. Дар идомаи омӯзиши мушкилоти ҷавонон, соли 2004 монографияи дастаҷамъии «Ювенология ва сиёсати ноболиғон дар асри 21: таҷрибаи омӯзиши байнисоҳавӣ» дар Санкт-Петербург таҳти таҳрири Е.Г.Слутский нашр мегардад. Дар монография предмети омӯзиши ноболиғон ҳамчун ҷанбаҳои гуногун, унсурҳои равандҳо ва падидаҳои ювенологӣ, ки бо хусусияти объекти назариявӣ ва эмпирикӣ — шахс (гурӯҳ) ба «ҷаҳони калонсолон» ворид мешавад, муайян карда мешавад [, с. 27].
Тибқи назари О. В. Лукичев ювенология — ин илми гуманитарӣ (инсондӯстӣ) мебошад, ки донишҳои табиии илмии ҷамъиятиро дар бораи шахсони ҷавон ва ҷавонон муттаҳид мегардонад. Олим ювенологияро хамчун илми мустакил муайян мекунад, ки сохтори ба худ хосе чун методология, феноменология ва праксеология дорад [, с. 38].
Асоси ювенологияро ҳамчун илми байнисоҳавӣ нишондиҳандаҳои зерин ташкил медиҳад:
— ҳамкории ҷомеа ва ҷавонон;
— махсусияти муносибатҳои байни ҷавонон ва давлат;
— ҷавонон ҳамчун манбаи дигаргунсозиҳои вазъи ҷомеа;
— ҷавонон ҳамчун захираи меҳнатии ояндаи ҷомеа;
— ҳамкории ҷчавонон бо дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ.
Воқеан, дар Русия, махсусан дар даҳаи аввали асри 21, ювенология ба марҳилаи устувор ворид мешавад. Дар сатҳҳои гуногуни ҳукумат ва ҷомеа ва дар байни олимони соҳаҳои гуногун омӯзиши ҷавонон торафт маъмул мегардад. Дар ин давра чи дар Русия ва чи дар дигар давлатхои пасошуравӣ истилоҳҳои нави илмӣ ва фаннӣ бештар истифода мешаванд: ҳуқуқи ҷавонон, адлияи ҷавонон, тибби наврасон, кори иҷтимоӣ бо ҷавонон ва ғайра.
Дар гурӯҳи мактабҳои олии Русия масъалаи омӯзиши ювенология ба роҳ монда мешавад ва аз рӯи ихтисоси нави «Кор бо ҷавонон» мутахассисон тайёр карда мешаванд. Масалан, дар Донишгоҳи давлатии технология ва дизайни Санкт-Петербург кафедраи омӯзиши ювенология фаъолият менамояд, мувофиқан дар доираи он фанҳо ва нақшаҳои таълимии алоҳида ҷорӣ мегардад, ки шоёни таваҷҷӯҳи махсус мебошад [, с.386].
Новобаста аз ҷанбаҳои мусбати омӯзиши ювенология, махсусан дар Русия, татбиқи фаъолонаи он ҳоло ҳам таваҷҷуҳи хосса талаб мекунад. Зиёда аз 50 сол мешавад, ки масъалаҳои ташаккули илмии ҷавонон бодиққат омӯхта мешавад, аммо то ҳол ювенологияро ҳамчун илми ташаккулёфта ҳисоб кардан номумкин аст. Бахусус дар Тоҷикистон, ки то ҳол ягон муассисаи илмӣ ё таълимӣ ба ин масъала ҳамчун илм ва ё фани мустақил машғул нагардидааст.
Ҷавонон ҳамчун як гурӯҳи иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи зиёди ҷомеашиносонро ҷалб кардааст. Бо вуҷуди ин, қисми зиёди донишҳо дар бораи ҷавонон хусусияти иҷтимоӣ-гуманитарӣ дорад, ки таваҷҷуҳро ба ин гурӯҳи иҷтимоӣ бештар мегардонад.
Омӯзиши зиёди мушкилоти иҷтимоии ҷавонон як фанни тамоман навро ба вуҷуд овард — «Сотсиологияи ҷавонон», яъне илм дар бораи ҷамъияти иҷтимоии фарди ҷавон. Сотсиологияи ҷавонон ҳамчун илм аз се марҳила иборат аст: 1) умумиметодӣ — дониши иҷтимоӣ ва феноменалии ҷавонон; 2) назариявӣ-иҷтимоии махсус, ки ҷавононро ҳамчун гурӯҳи алоҳидаи иҷтимоию демографӣ меомӯзад; ва 3) эмприкӣ (таҷрибавӣ) — таҳлили вазъи ҷавонон дар асоси омилҳои собитшаванда дар соҳаҳои дахлдори ҳаёт [, с.5–6].
Дар ташаккули сотсиологияи ҷавонон олимонба монанди И.С.Кон, М. Титма, Ю. Г. Волков, Е.Г.Слутский, Г.И.Хмара, Ю.В.Манко, К.М.Оганян, И. Валев, П. Митяев, М. Семов, В. Фридрих, У. Старке, И. Рихтер, З. Бекели ва дигарон саҳм гузоштаанд [].
Ҷомеашиносон мушкилоти ҷавононро нисбатан васеъ меомӯзанд, аз ҷумла: ҷавонон дар системаи донишҳои сотсиологӣ; асосҳои назариявии мушкилоти иҷтимоии ҷавонон; маданият ва тамоюлҳои рушди ҷавонон; мушкилоти меҳнат ва шуғли ҷавонон; ҳаёти маънавии ҷавонон; тамоюли ҷавонон ба дин; мушкилоти демографии ҷавонон; инкишофи ҳаракатҳои ҷавонон; ҷавонон дар сохти иҷтимоию сиёсии ҷомеа; низоъ дар доираи ҷавонон ва ғайра, ки ин масъалагузориҳо барои таҳлили амиқи иҷтимоишавӣ ва рушди сиёсии ҷавонон имкон медиҳад.
Масъалаҳои сотсиологияи ҷавонон хеле муфассал дар маводи таълимии «Сотсиологияи ҷавонон: китоби дарсӣ», ки соли 1996 зери таҳрири В. Т. Лисовский чоп гардидааст, ҳамчунин дар асарҳои Ю. В. Манко ва М. Оганян «Сотсиологияи ҷавонон: маводи таълимӣ» (Санкт-Петербург: 2008) инъикос ёфтаанд.
Тибқи Энсиклопедияи Сотсиологии Русия сотсиологияи ҷавонон дар соли 1999 мақоми фанни илмиеро касб мекунад, ки ҷавононро ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ бо хусусиятҳои иҷтимоӣ–демографии онҳо (сарҳадҳои синнусолӣ, сохтор, динамика) бо назардошти маҷмӯи нишондодҳои объективӣ ва субъективӣ, ҳамчунин робита ва муносибатҳои онҳо бо дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ меомӯзад [, с.97].
Мактаби сотсиологияи ҷавонон дар самти худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон дар шароити таҳаввулоти ҷомеа ва иштироки онҳо дар рушди институтҳои ҷамъиятию сиёсии давлатӣ асарҳои зиёд ва василаҳои хеле мукаммал эҷод (таҳия) мекунад. Аммо ин асарҳо дар бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон нопадид боқӣ мемонанд; Дар даҳсолаҳои охир бо ин масъалаи барои ҷомеаи муосир муҳим чӣ ҷомеашиносон, сиёсатшиносон, ҳуқушиносон ва ё маъмурон хеле кам машғул мегарданд. Масалан, дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дар ҷомеаҳои илмӣ ва таълимӣ мафҳуми институти сотсиологияи ҷавонон амалан вуҷуд надорад.
Дар шароити рушди иҷтимоӣ олимон ба гурӯҳи коргарҷавонон диққати махсус додаанд. Онҳо ҷавононро ҳамчун қувваи асосии корӣ мешуморанд, ки иқтидори ба зудӣ ба бозори меҳнат мутобиқ шудан ва дар шуғл ва вазъи иқтисодӣ ба муваффақият ноил шуданро доранд.
Д. Колб (олими амрикоӣ) чор марҳилаи бебозгашти шуғлмандии ҷавононро муайян кардааст: таҷрибаи мушаххас; мушоҳида ва мулоҳиза; ташаккули консепсияи назорат (дидан) ва арзёбии интизориҳо; таҳлили оқибатҳои консепсия [, с.56].
Марк Смит гурӯҳи ҷавонони коргарро бо тарзи дигар — алоқаманд бо таълим ё таҳсилот тавзеҳ медиҳад. Тибқи назри ӯ, таълими амалӣ ба се хусусият асос ёфтааст: 1) Одамон беҳтар меомӯзанд, агар беовиста ба таълими (омӯзиши) амалӣ ҷалб карда шаванд; 2) Дониш ба таври инфиродӣ ташаккул меёбад, агар он барои ҷавонон аҳамияти назаррас дошта бошад ё рафтори онҳоро тағйир диҳад; 3) Майлу кӯшиши шахс ба омӯзиш вақте зиёд мешавад, ки вай дар муайян кардани (интихоби) мақсадҳои таълимии худ озод аст ва қодир аст, ки ба амалисозии онҳо ба муваффақият ноил гардад [, с.55].
Ашӯров С. Б. дар натиҷаи кори илмии худ зарурати татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро дар заминаи рушди устувори иқтисодӣ, афзоиши иқтидори инноватсионии ҷумҳурӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва таъмини шуғли пурсамари қувваи кории кишвар, бахусус ҷавонон асоснок мекунад [, с. 123].
Бо назардошти таҳлилҳои боло метавон гуфт, ки масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷавонон ва шуғли онҳо дар ҷомеа, аз ҷумла дар Тоҷикистон, воқеан ҳам хеле муҳим аст, зеро ин гурӯҳ қувваи кории асосии кишварро ташкил медиҳад ва аз ин рӯ, барои беҳбуд бахшидан ба вазъи ҷавонон ва ҷомеа андешидани таҳлилҳои иловагӣ ва тадқиқотҳои илмию методӣ боз ҳам тақозо мегардад.
Омӯзиши табиати ҷавонон ва муносибатҳои онҳо дар ҷомеа, иштирок дар дигаргуниҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии давлат, ҳамгироӣ ба талаботи ҷаҳони муосир ва талаботи рӯзафзуни системаҳои сиёсиро идома дода, мо ба ташаккули сиёсати муносиб ё махсус нисбат ба ҷавонон наздик мешавем.
Гузашта аз ин, ҷавонӣ ё наврасӣ, ин як амал нест, балки маҷмӯи муносибатҳоест, ки давраи мушаххаси инкишофёбии инсонро аз кӯдакӣ то ба камолот дар бар мегирад. Аз ин рӯ, мо бо таҳқиқи донишҳо дар бораи ин муносибатҳо, аз ҷумла омӯзиши муносибатҳои рафтории (интизомии) ҷавонон бо давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба асосҳои илмии ин масъала — илми соҳаи сиёсати ҷавонон рӯ меорем.
Омӯзиши пуршиддати табиати ҷавонон ва муносибатҳои онҳо дар ҷамъият, иштирок дар дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии давлат ва ҷомеа, афзоиши талабот ва эҳтиёҷоти онҳо нисбат ба ҳокимияти давлатӣ масъалаи ташаккули сиёсати ҷавононро пеш мегузорад.
Сиёсати ҷавонон — ин системаи маҷмӯи тадбирҳои интизомӣ мебошад, ки дар раванди инкишофи ҳамаҷонибаи ҷавонон ба ташкили шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ, таълимӣ, тандурустӣ ва дигар шароитҳо равона гардидааст. Гузашта аз ин, дар сатҳи ҷаҳонӣ, бахусус аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ғояи иштироки ҷавонон дар татбиқи (амалисозии) масъалаҳои худ, аз ҷумла фаъолнокии сиёсӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарчи бештар таблиғ мешавад.
Сиёсати давлатии ҷавонон — ин сиёсате байнисоҳавиест, ки аз ҷониби сохторҳои гуногуни давлатӣ, вазорату идораҳо, аз қабили вазоратҳои маориф, меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш, сайёҳӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кор бо ҷавонон, кор бо занон ва оила ва ғайра амалӣ карда мешавад.
Масъалаҳои ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асарҳои Асадуллоев Р. Н., Ашӯров С. Б., Набиев В. М., Ҳакимов Ш., Раҳимов И., Тураева З. Н., Ҳойидбоев Ф. А., Миралиён Қ. А. ва дигар олимони ватанӣ баён шудаанд []. Ин олимон нақши ҷавононро дар шароити демократикунонии ҷомеа, тарбияи сиёсии ҷавонон, равандҳои таърихӣ ва марҳалаҳои ташаккули сиёсати ҷавонон, масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон тавассути системаи махсуси идоракунӣ, сохтори мақомоти давлатии кор бо ҷавонон, таҳкими иқтидори ташкилотҳои ҷавонон, дастгирии институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иштироки онҳо дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон ва ғайраро то андозае омӯхтаанд.
Мактаби ватании «Сиёсати ҷавонон» дар ҳақиқат шароитҳое зиёде фароҳам овардааст, ки ба ташаккул ва рушди сиёсати ҷавонон дар Тоҷикистон мусоидат менамояд, аммо иқтидори он дар қиёс бо мактабҳои аврупоӣ ва русӣ хеле заиф арзёбӣ мешавад. Танҳо далели он, ки дар ин кишварҳо ин соҳа (сиёсати ҷавонон) аллакай ҳамчун як фанни илмӣ ва таълимӣ ҷорӣ шудааст, ин иддаъоро тасдиқ мекунад. Аз ин рӯ, идомаи пажӯҳишҳо, мутаносибан рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон тавассути таҳияи механизму технологияҳои муосир ва татбиқи он ҳамчун як фанни илмӣ ва таълимӣ саривақтӣ арзёбт мегардад.
Дар ин замина, дар баъзе кишварҳо олимон ва сиёсатмадоронро як рисолати муштарак муттаҳид мегардонад — омӯзиши ҷавонон на ҳамчун як фард, балки ҳамчун субъкти сиёсат. Мутаносибан, дар гурӯҳи кишварҳо институтҳои сиёсати ҷавонон таъсис ёфтаанд, вале бо шаклҳои гуногун ва равишҳои ташкилии хос – дар ҷое дар шакли муассисаи давлатӣ ва дар ҷои дигар ҷамъиятӣ, вале ҳадаф як аст, — омӯзиши ҷавонон ва сиёсати ҷавонон, таҳияи тавсияҳо оид ба инкишофи ҳамаҷонибаи ҷавонон. Аз ҷумла:
— Донишгоҳи ҷавонони Чин оид ба илмҳои сиёсӣ — соли ташкилёбӣ — 1985, мутахассисони соҳаи кор бо ҷавононро бо фарогирӣ бо донишу малакаи идоракунии муосир омода месозад. Ба ғайр аз ин дар донишгох Институти илмӣ-тадқиқотии психологияи ҷавонон ва Институти илмӣ-тадкикоти сиёсати ҷавонон фаъолият мекунанд. Дар Донишгоҳ донишҷӯён аз тамоми ҷаҳон таҳсил мекунанд ва барои донишҷӯёни хориҷӣ шариоти махсус фароҳам оварда шудааст [];
— Институти фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Новосибирски Федератсияи Русия — соли таъсис-2003. Институт ба тайёр кардани кадрҳо оид ба сиёсати ҷавонон ва кори иҷтимоӣ машғул мебошад [];
— Институти илмии ҷавонон дар Калифорния (ИМА) аз соли 1953 инҷониб фаъолият дошта, доираи васеи барномаҳои таълимиро барои ҷавонон пешкаш мекунад [];
— Институти Тадқиқоти Ҷавонони Коннектикут (ИМА) аз соли 1996 инҷониб дар соҳаи рушди сарварии ҷавонон, пешгирии таваккалҳо ва тағйироти иҷтимоӣ фаъолият мекунад. Он ҷавононро барои пешбурди фаъолиятҳои гуногун дар байни ҳамсолони худ таълим медиҳад ва омода мекунад, барномаҳо ва модулҳои ташаббусҳои ҷавононро таҳия мекунад, тадқиқот мегузаронад ва модулҳоро барои таълимм интерактивии ҷавонон дар самтҳои гендер, фарҳанг ва балоғатрасӣ таҳия мекунад [];
— Институти ҷавонони Олмон — соли 1963 таъсис ёфта, дорои 170 омӯзгор буда, дар самти дастгирии кӯдакон, ҷавонон ва оилаҳо фаъолият мекунад. Он масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва оилаҳоро меомӯзад, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар сатҳи ҷомеа ва сиёсӣ тавсияҳо таҳия мекунад, ба муассисаҳои давлатӣ машваратҳои сиёсӣ медиҳад ва ба бахшҳои сеюм аз ҷиҳати амалӣ ва махсус хизматрасонӣ менамяод [].
Чи тавре мебинем, усулҳои илмӣ ба сиёсати ҷавонон, асосҳои назариявӣ, таҷрибавӣ ва амалӣ, иқтидори тадқиқотию таҳлилӣ дар ҳошияи рушди илми ин соҳа хеле барвақт (50—70 сол қабл) ба роҳ монда шудааст. Донишгоҳҳо, институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дигар муассисаҳо ташкил карда шудаанд, ки ҷавононро дар доираи сиёсати ҷавонон ва омодагӣ ба ҳаёту фаъолияти мустақилона меомӯзанд ва таълим медиҳанд. Аз ин рӯ, таълими сиёсати ҷавонон ҳамчун як фанни алоҳида бахусус дар шароити Тоҷикистон, ки кишвари ҷавонтарини ҷаҳон аз лиҳози аҳолӣ ба ҳисоб меравад, саривақтӣ арзёбӣ мегардад.
Гузашта аз ин, имрӯз дар мамлакат соҳае нест, ки бо ҷавонон сарукор надошта бошад, аз ҷумла дар соҳаи маориф — таълим ва омодасозии мутахассисони соҳаҳои гуногун ва омӯзгорони ҷавон (истифода ҳамчун омӯзор), мудофиа — тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон (истифода ҳамчун сарбоз), ҳифзи ҳуқуқ (ВКД, прокуратура ва ғ.) — тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ва ҳуқуқию сиёсии ҷавонон (истифода ҳамчун сарбоз ва субъект), мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ — ҳифзи манфиатҳо, тарбияи идоракунӣ, сиёсӣ ва кадрӣ (истифода ҳамчун идоракунанда), ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ — тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ (истифода ҳамчун актори иҷтимоӣ, иштирокчӣ), ташкилотҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла тиҷорат, сохтмонӣ ва кишоварзӣ — омӯзиш ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, мустақилияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (истифода ҳамчун қувваи асосии корӣ) ва ғайра.
Аммо дар кадом вазъ ё ҳолат метавон аз иқтидори фарди ҷавон босамар истифода бурд ва ё ӯро дуруст роҳнамоӣ намуд? Танҳо дар сурати доштан ё омӯхтани дониш ва малака оид ба идоракунии ҷавонон, методҳои таълиму тарбияи муосири онҳо, усулҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои сиёсию иҷтимоии онҳо ва дар маҷмӯъ сиёсати ҷавонон ва роҳу усулҳои татбиқи он. Яъне, маъмурони оянда ва имрӯзи аксари ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро зарур аст, ки вобаста ба сиёсати давлатии ҷавонон ва роҳу усулҳои татбиқи самарноки он дониш омӯзанд ва маълумоти касбӣ гиранд. Илова бар ин, вақти он расидааст, ки дар бахши кор бо ҷавонон, занон, оила ва робита бо ҷомеа мутахассисони касбии соҳаи кор бо ҷавонон омода карда шаванд. Ин натанҳо тақозои илми сиёсӣ, ҷомеашиносӣ ва идоракунӣ аст, балки талаботи Конститутсия, қонунгузорӣ, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоши рушди сармояи инсонӣ мебошад.
Ҷавонон дар сатҳҳо ва соҳаҳои гуногун ҳамчун як воқеият ва субъекти махсусан муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд, ки дар барои омӯхтан ва муайян кардани қадамҳои эҳтимолии рушди онҳо ҳамеша равишҳои наву замонавӣ омӯхта мешаванд, ки дар натиҷа ба рушди тамоми башарият хизмат мекунанд.
Ҳамин тариқ, дар шароити қонеъ гардонидани талабот ва манфиатҳои ҷавонон зарурати ташаккули низоми муносибатҳои муносиби давлат ва ҷавонон ба миён омад, ки он сиёсати давлатии ҷавонон ном гирифт.
Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷаҳони муосир дар шароити пеш омадани дигаргуниҳои бошиддат ва демократикунонии ҷомеа беш аз пеш, ки ояндаи он имрӯз муайян карда мешавад, зарур мегардад.
Ҷавонон ҳамчун субъекти асосӣ ва ҳам объекти сиёсати давлатӣ дар айни замон бештар осебпазиранд ва ба таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ва дастгирии доимӣ ниёз доранд. Дар ҷаҳони имрӯза, мутаассифона, на ҳама вақт ба насли наврас таваҷҷуҳи лозима дода мешавад, ки дар натиҷа як қатор мушкилот, аз ҷумла иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, каҷравӣ ва ғайра ба вуҷуд меояд. Маҳз ҳамин мураккабии мушкилот амалӣ намудани сиёсати давлатиро нисбат ба ҷавонон тақозо мекунад, зеро масъалаи ҷавононро ягон ниҳоди давлатӣ ё низоми маъмурӣ дар танҳоӣ ҳал карда наметавонад.
Масалан, маҷмӯи мушкилоти имрӯзаи ҷавонон инҳоянд: бекорӣ, ҷинояткорӣ, маҳдудият дар таҳсил, поймолгардии ҳуқуқ, танфурӯшӣ, истеъмоли маводи мухаддир ва ғайра. Аз ин рӯ, барои ҳалли ин мушкилот тадбирҳои ҳамоҳангшуда, байнисоҳавӣ, бисёрсоҳавӣ ва маҳаллӣ зарур аст, то ки онҳо зина ба зина ва мунтазам ҳал карда шаванд.
Аз ин нуқтаи назар мо метавонем як масъаларо муфассалтар баррасӣ кунем. Масалан, хадамоти шуғли аҳолӣ метавонад масъалаҳои шуғлро ҳал кунад. Бо вуҷуди ин, мушкилоти дигаре вуҷуд доранд, ки бо шуғли аҳолӣ низ дар ҳам мепайвандад, аз қабили танфурӯшӣ, ҷинояткорӣ ва истеъмоли маводи мухаддир. Ин масъалаҳо бевосита ба ваколати хадамоти шуғли аҳолӣ алоқамандӣ надоранд, вале бояд ҳал карда шаванд.
Вақте мо «ҷавонон» мегӯем, сухан танҳо дар бораи як гурӯҳи демографӣ, ки дар вазъияти душвору мураккаби иҷтимоӣ қарор дорад, намеравад, инҷо пеш аз ҳама қисми иҷтимоӣ, идеологӣ ва қувваи асоси кории ҷомеа дар назар дошта мешавад, ки ба хотири онҳо ислоҳотҳои гуногуни идоракунӣ гузаронида мешавад ва он ки дар ояндаи наздик худи ҳамин гурӯҳ раванди ин ислоҳотҳоро муайян менамояд.
Аз ин лиҳоз, дар аввли солҳои 90-ум дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои пасошӯравӣ зарурати ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ба миён омад.
Сиёсати давлатии ҷавонон — ин системаи ягонаи тадбирҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва тарбиявӣ мебошад, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва шаҳрвандон бо мақсади таълиму тарбия, ташаккул ва рушди ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи самараноки нерӯи онҳо ба манфиати ҷомеа истифода ва амалӣ карда мешаванд.
Ин мафҳуми сиёсати давлатии ҷавонон ба мафҳуми «сиёсати давлатии ҷавонон ба маънои васеъ» мувофиқат мекунад. Инчунин мафҳумҳои дигари «сиёсати давлатии ҷавонон ба маънои маҳдуд» низ мавҷуданд, ки асосан ба масъалаҳои муайянкунии соҳавии сиёсати давлатии ҷавонон, яъне «фаъолияти соҳаи кор бо ҷавонон» вобаста мебошанд.
Маълум аст, ки раванди ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон «ташаккули низоми комил, аз ҷумла заминаи қонунгузории системаи мақомот ё сохторҳои кор бо ҷавонон ва татбиқи тадбирҳоро (асосан дар асоси усули барномасозии мақсаднок)» пешбинӣ мекунад. Раванди ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон аз ташкили заминаҳои қонунгузории он ва мақомоти давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, ки барои татбиқи он муайян (вобаста) шудаанд, иборат аст [, с.14].
Сиёсати давлатии ҷавонон сиёсати байнисоҳавӣ буда, аслан тавассути мақомоти гуногуни давлатӣ, аз қабили сохторҳои (вазоратҳои) маориф, илм, меҳнат, муҳоҷират, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш, сайёҳӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кор бо ҷавонон, занон, оила, дин ва ғайра, инчунин аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои ташаббускор, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ғайра амалӣ карда мешавад.
Сиёсати давлатии ҷавонон барои Тоҷикистон сиёсати нав нест; он ҳануз дар шароити гузариш ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ташаккул ёфтааст.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» сиёсати давлатии ҷавонон — низоми ягонаи тадбирҳои ташкилӣ ва ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ мебошад, ки аз ҷониби субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон бо мақсади ташаккулу камолоти ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи босамари неруи зеҳнии онҳо ба манфиати ҷамъият татбиқ мегардад. Яъне, он ҳамчун як низом, системаи ягона барои ҳалли як қатор масъалаҳои ҷавонон тавассути ҷалб ва ба самти мувофиқ равона кардани тамоми соҳаҳои фаъолияти давлатию ҷамъиятӣ нигаронида шудааст.
Зимнан, сиёсати давлатии ҷавонон чун низоми қонунӣ, яъне расмиёт ва зарурати он бо қонун пазируфта шуда мебошад, татбиқи он бояд дар ҳамаи сатҳҳо ва аз ҷонби ҳамаи субъектҳо, аз ҷумла мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба таври самаранок таъмин карда шавад.
Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд дастгирӣ карда мешавад. Дар раванди ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон (1993—2025) аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ 10 вохӯрӣ ва мулоқотҳои васеи расмӣ бо намояндагони ҷавонони кишвар ташкил карда шуда, дар онҳо мушкилоти ҷавонон ва масъалаҳои рушди сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла тарбияи ҷавонон, ҳифзи иҷтимоӣ, рушди иттиҳодияҳои ҷавонон, гурӯҳҳои ташаббускор, маҳфилҳои гуногуни таълимӣ, марказҳои соҳибкорӣ, гурӯҳҳои дастгирии ҷавонон ва ғайра муфассал мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шудаанд.
Дар натиҷаи ҳар кадом вохӯрӣ тадбирҳои зиёде барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷавонон ва ҷомеа ва ташаккули асосҳои институтсионалии сиёсати давлатии ҷавонон андешида шуданд.
Ҳамчунин, Сарвари кишвар дар доираи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2016) соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон карда, иброз намуд, ки «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.» [].
Дар натиҷаи ин вохӯриҳо дар ҷумҳурӣ дастовардҳои зиёд ба даст оварда шуданд: мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон таъсис дода шуд, стипендияҳои махсус барои донишҷӯён, мукофотҳои соҳавӣ (давлатӣ) барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ барои дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, бурсия (квота) барои қабули (дохилшавии) ҷавонон аз оилаҳои камбизоат ба муассисаҳои таълимии олии касбӣ, таъсиси марказҳои ҷавонон ва кӯдакон, ташкилёбии Шӯроии миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯроҳои маҳаллии кор бо ҷавонон ва ғайра амсоли инҳо.
Дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонон санаи 23 майи соли 2013 Президенти кишвар оид ба аҳамиятнокии сиёсати ҷавонон ва ҷавонон дар ҷаҳон чунин ибрози назар намуданд: «Дар ҷаҳони муосир ҳалли мушкилоти ҷавонон ва истифодаи неруи зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба рушди устувори давлат ва ҷомеа мебошад» [].
Дар баробари ин, Президенти Тоҷикистон аз дигар давлатҳо ва ҷамъиятҳо низ даъват ба амал овардаанд, ки ба рушди ҷавонон ва ҳалли мушкилоти онҳо, бахусус дар роҳи мубориза бо шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ, террористӣ ва радикалӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд. Аз ҷумла, зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, 10 июли соли 2015 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз мекунанд: «Кор бо ҷавонон ва манфиатҳои ҷавонон бояд яке аз авлавиятҳои муҳими СҲШ арзёбӣ гардад. Бинобар ин пешниҳод мекунам, ки яке аз солҳои оянда «Соли ҷавонон» эълон карда шавад [].
Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки давлат дар шахсияти Пешвои миллат, Президенти кишвар татбиқ ва инкишофи сиёсати ҷавонон ва баланд бардоштани нақши ҷавононро дар ҷомеа ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Барои воқеан қонеъ гардонидани ин интизориҳо ва амалӣ гардонидани ҳадафи давлат — татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон зарур аст, ки иқтидори мактаби илмии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон, аз ҷумла заминаи устувори назариявӣ ва таҷрибавии он ташаккул дода шавад ва сатҳи фановарӣ ва илмию методии сиёсати давлатии ҷавонон баланд бардошта шавад.
Ҷавонон ҳамчун фард ва захираи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба дигаргуниҳо вобаста ба муносибатҳои байналмилалӣ таъсири назаррас доранд. Зимнан, ин вазъият ба омӯзиши асосҳои илмию методии муносибатҳои байналмилалии ҷавонон водор месозад.
Аҳамияти рушди сиёсати ҷавонон низ, ин натиҷаи эътирофи он ҳамчун институти фаъоли равандҳои сиёсӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Ҳануз соли 1965 Ассамблеяи Генералии СММ Эъломия «Дар бораи дар байни ҷавонон паҳн кардани идеалҳои сулҳ, эҳтироми якдигар ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо» -ро қабул намуд, ки асосан хусусияти тарбиявӣ дошт ва ҷавононро ба сулҳдӯстию таҳаммулпазирӣ даъват мекард. Зимнан, ин ташаббус ба вокуниши оммавии ҷавонони солҳои 60-ум асос меёбад. Соли 1998 аз ҷониби ин ниҳоди умумиҷаҳонӣ Эъломия оид ба сиёсати ҷавонон ва барномаи ҷавонон қабул мегардад, ки 8 самтро дарбар мегирад, аз ҷумла ташаккули сиёсати миллии ҷавонон дар ҳама кишварҳои ҷаҳон [, с.15—16]. Аз ҷумла, дар муқаддимаи ин ҳуҷҷат қайд карда мешавад: «боз ҳам дар асоси нуқтаи дар сархати 112-уми Барномаи ҷаҳонии амал зикршуда таъкид мегардад — давлатҳое, ки ҳанӯз ин корро накардаанд, чораҳои заруриро вобаста ба таҳия ва қабули сиёсати миллӣ дар бораи ҷавонон амалӣ созанд…», ки аҳамият ва зарурати омӯзиши ин сиёсат, бахусус таҳияи чораҳо ва технологияҳоро барои ташаккули асосҳои институтсионалӣ, илмӣ, технологӣ ва эмпирикӣ баланд мебардорад.
Илова бар ин, танҳо бо ташаббуси СММ якчанд ҳуҷҷатҳои стратегии байналмилалӣ, аз қабили Принсипҳои роҳбарӣ оид ба иштироки ҷавонон дар бунёди сулҳ, Эъломияи Амман оид ба масъалаҳои ҷавонон, сулҳ ва амният (2015) ва Барномаи амал оид ба пешгирии экстремизми зӯроварона ва таҳкими сулҳ дар ҷаҳон қабул ва амалӣ карда мешаванд. Ғайр аз ин, дар қатъномаи ба қабулшудаи Шӯрои Амнияти СММ (9.12.2015) зикр шудааст, ки: «Шӯрои Амният аз кишварҳои узв даъват мекунад, ки роҳҳои афзоиши намояндагии фарогири ҷавононро дар раванди қабули қарорҳо дар ҳама сатҳҳо дар доираи муассисаҳо ва механизмҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо, аз ҷумла муассисаҳо ва механизмҳои муқовимат ба экстремизми зӯроварона, ки метавонад ҳамчун заминаи парвариши терроризм хизмат кунад, омӯзанд ва дар ҳолати зарурӣ таъсиси механизмҳои ҳамаҷонибаро барои таъмини иштироки пурмазмуни ҷавонон дар раванди сулҳ ва ҳалли баҳсҳо баррасӣ намоянд» [].
Аз таҳлилҳои боло бармеояд, ки Созмони Милали Муттаҳид, ки беш аз 190 кишвари ҷаҳонро муттаҳид мекунад, ба масъалаҳои ҷавонон ва сиёсати ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Дар доираи ин созмон масъалаҳои ҷавонон аз ҷониби зерсоторҳои гуногуни он, ба монанди монанди Хазинаи кӯдакон, Хазинаи нуфузи аҳолӣ, Иттиҳодияи волонтёрон, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ғайра баррасӣ карда мешаванд.
Айни замон аксари кишварҳои ҷаҳон сиёсати мақсаднокро нисбат ба ҷавонон пеш мебаранд; онҳо сиёсати миллиро дар соҳаи ҷавонон амалӣ мекунанд ва дар натиҷа санадҳои махсуси қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои рушд ва ҳифзи ҷавонон қабул шудаанд, зимнан дар қисми зиёди кишварҳо мақомоти давлатии соҳаи сиёсати ҷавонон фаъолият мекунанд [].
Ба нақши ҷавонон ва иштироки онҳо дар ҷомеа дар сатҳи ИДМ баҳои баланд дода мешавад. Ин муқаррарот ва ҳадафҳо дар Созишномаи давлатҳои аъзои ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон, ки 25 ноябри соли 2005 қабул шудааст, баён мегардад. Дар моддаи 4-уми ин санад аз ҷумла гуфта мешавад: «Тарафҳо дар самтҳои зерин ба ҳамдигар мусоидат менамоянд: тайёр кардани кадрҳои касбӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон; мубодилаи маводҳои илмӣ, маълумотӣ, иттилоотӣ ва методӣ, таҷрибаи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ва дигар ташкилотҳо ва иттиҳодияҳое, ки дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии ташаббусҳои ҷавонон иштирок мекунанд; гузаронидани тадқиқоти муштараки илмӣ ва чорабиниҳо оид ба масъалаҳои гуногуни сиёсати ҷавонон ва ҳамкории ҷавонон» [, с.2].
Дар баробари Тоҷикистон, аксари кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИДМ-и имрӯза татбиқи системаи сиёсати давлатии ҷавононро дар кишваҳои худ қабул кардаанд. Ғайр аз ин, ин сиёсат дар аксари кишварҳои Ғарб низ татбиқ карда мешавад, ки аҳамият ва афзалиятнокии онро дар рушди давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад.
Амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷаҳони муосир, дар шароити тағйироти босуръат ва демократикунонии ҷомеа, муҳим аст ва яке аз асосҳои ин сиёсат худи ҷавонон ба ҳисоб меравад, ки ояндаи онҳо, яъне ояндаи ҷомеа (дар симои ҷавонон) имрӯз муайян карда мешавад.
Хулоса мегардад, ки дар шароити Тоҷикистон — давлати аз ҳам лиҳози сиёсӣ ва ҳам аз лиҳози иҷтимоӣ-демографӣ ҷавон амалӣ намудани сиёсати мақсаднок ва устувор дар самти кор бо ҷавонон, аз ҷумла ташкил намудани ниҳодҳои илмию тадқиқотӣ ва ихтисосии омӯзиш ва таълими сиёсати давлатии ҷавонон аҳамиятнок ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.
Ҷорӣ намудани фанни «Сиёсати ҷавонон» метавонад гурӯҳи мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеаро дар самти худшиносӣ, худгоҳӣ, ҳувияти миллӣ, захираи кадрӣ, рушди сармояи инсонӣ, таҳкими шуури сиёсӣ, маданияти иқтисодӣ ва ғайра ҳал намояд ва ё ба ҳалли муносиб ва муосири онҳо мусоидат намояд.
§1.2. Хусусиятҳои консептуалии сиёсати давлатии ҷавонон
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати ҷавонон як бахши нави ҷомеа аст, яъне он расман вуҷуд надошта, дар шароити равандҳо ва дигаргуншавиҳои сиёсӣ ташаккул ёфт. Ин навъи сиёсат дар шароити талошҳои зиёд ва муштараки соҳаҳои гуногун дар раванди ҳалли мушкилоти бисёрҷанбаи ҷавонон ба манфиати шукуфоии ояндаи ҷомеа ташаккул ёфта, дар ин замина имкониятҳои муайянро барои мутобиқшавӣ, худшиносӣ ва рушди ҷавонон дар роҳи шахсиятсозӣ ва пайдо кардани ҷойгоҳи худ дар ҷомеа фароҳам овард. Аз ин рӯ, назарияи сиёсати давлатии ҷавонон маҷмӯи чораҳоеро дар бар мегирад, ки барои ташаккул ва рушди муносибатҳои ҳамаҷониба байни давлат, ҷомеа ва ҷавонон равона шудаанд [].
Аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сиёсати давлатии ҷавонон ба имкониятҳо ё шароитҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии ҷавонон дар ҷомеа асос меёбад. Ин хусусияти бисёрҷонибаи сиёсат усулҳои муносиби уфуқӣ ва амудӣ, таъсиррасонии бисёрсоҳавӣ, масъулияти интизомӣ ва таъсиррасонии бунёдиро (принсипиалиро) тақозо мекунад [].
Зимни таҳлили ин муқаррарот ва роҳҳои ноил шудан ба онҳо, метавон тасаввуроти мувофиқро оид ба сиёсати давлатии ҷавонон, аҳамият ва нақши он дар ҳаёти ҷомеа ва ҷавонон ба даст овард.
Усулҳо ё сохтори амудии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чунинанд:
— равонасозӣ самти сиёсати ҷавонон аз боло ба поён, яъне аз сатҳи миллӣ то ба сатҳи минтақавӣ ва сипас ба сатҳи маҳаллӣ ва худидоракунӣ;
— таҳияи қонунгузории соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи миллӣ ва пешниҳоди он барои татбиқ ба сохторҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ;
— ташаккули низоми (системаи) идоракунии сиёсати давлатии ҷавонон аз боло ба поён, мувофиқан муайян кардани ҳад ва ҳудуди ваколатҳо, уҳдадориҳо ва самтҳои амалӣ ва муносиби фаъолият;
— барномасозӣ ва банақшагирии вазифаҳо оид ба таъмини устуворӣ ва рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа ва самти татбиқи барномаҳо ва нақшаҳои таҳияшуда дар сатҳи минтақавӣ ва маҳаллӣ;
— мониторинг ва баҳодиҳии раванди татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва мутаносибан ташаккули махзани миллии иттилоотӣ, ки тамоми сатҳҳои фаъолияти низоми идоракунӣ ва вазъро дар байни ҷавонон дар бар мегирад;
— ташаккули механизми миллии таъсиррасонии идеологии сиёсати давлатии чавонон, тарбия ва таълими ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, сулхдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ғайра;
— таҳкими заминаи илмии сиёсати давлатии ҷавонон, бо назардошти ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли масъалаҳо ва таъмини манфиатҳои ҷавонон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва дастгирии фаъолияти илмии истеъдодҳои ҷавон, бо ин васила мусоидат ба рушди нерўи зеҳнии кишвар;
— ташаккули механизми таъмини кадрҳо дар низоми сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла муайян намудани фаъолияти намуди кор бо ҷавонон ба сифати ихтисос ё касб (омодасозии кадрҳо, роҳнамоии касбӣ ва таҷрибаомӯзии мутахассисони ин соҳа).
Сохтори амудии идоракунӣ бештар ба низомҳои сотсиалистӣ ва коммунистии ҳокимият, ки асоси онҳоро муттамарказонидани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва танзими онҳо ташкил медод, монандӣ мекунад [, с. 86]. Зимнан, дар Тоҷикистон, ки даҳсолаҳои зиёд қисми давлати Шӯравӣ буд, равишҳои амудии идоракунӣ то ҳол амалӣ мегарданд. Бо вуҷуди ин, низоми демократии ҳокимияти давлатӣ низ таъсир мерасонад ва ҳолати баръаксро талқин мекунад, яъне ғайримарказикунонии идоракуниро, ки дар навбати худ равишҳои (усулҳои) уфуқиро ба низоми идоракунӣ ворид месозад.
Ҳамин тариқ, сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун як қисми сиёсати давлатӣ айни замон бояд усули омехтаи идоракуниро дошта бошад; аммо ба равиши демократикунонии ҷомеа, яъне усули уфуқӣ, ба ҳар ҳол, зарур аст, ки афзалият дода шавад. Усули уфуқӣ, яъне ғайримарказикунонии муносибатҳо ба рушди қобилиятҳои идоракунии ҷомеаи маҳаллӣ мусоидат менамояд [, с. 190].
1.2.1. Усулҳои уфуқии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон инҳоянд:
— равонасозии самти сиёсат нисбат ба ҷавонон дар як уфуқ, 1) дар асоси шароиту имкониятҳои маҳал ва 2) сиёсати дар сатҳи миллӣ таҳияшуда. Яъне дар татбиқи сиёсати ҷавонон бояд ба иқтидори маҳаллӣ афзалият дода шавад, зимнан эҳтимолияти он ҷой дорад, ки на ҳамаи вазифагузориҳои сиёсати миллӣ дар сатҳи маҳал татбиқ мешаванд;
— таҳияи заминаи меъёрии сиёсати давлатии ҷавонон дар асоси қонунгузории миллӣ бо дарназардошти мутобиқгардонии он ба шароит ва иқтидори идоракунии сатҳи маҳал;
— ташаккули системаи идоракунии сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи маҳал бо тартиби уфуқӣ (ки айни замон татбиқ карда намешавад). Дар инҷо воҳидҳои роҳбарикунандаро муайян намуда, маблағгузории онро аз ҳисоби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба роҳ мондан лозим аст. Ҳамчунин барои ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ ва низоми мукаммали идоракунии сиёсати давлатии ҷавонон иқтидори идоракунии мақомоти вилоятиро пурзӯр кардан зарур меояд. Дар навбати худ, ба мақамоти вилоятҳоро зарур аст, ки системаи идоракунии сиёсати давлатии ҷавононро дар сатҳи вилоятӣ ва бо дарназардошти имконоти худ ташкил кунанд;
— ташаккули низоми татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи сохторҳои мақомоти маҳаллӣ, мутаносибан муайян намудани сатҳ ва ҳудуди ваколатҳо, салоҳиятҳо ва самти фаъолият. Дар ин сурат сохтори кор бо ҷавонон бояд такягоҳи асосӣ бошад ва аз ин рӯ, он бояд вазифаҳои ҳамоҳангсозӣ, назорат ва арзёбии фаъолияти тамоми сохторҳоро дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба уҳда дошта бошад.
— барномасозӣ ва банақшагирии вазифаҳо оид ба таъмини устуворӣ ва рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи маҳал дар асоси барномаҳо ва нақшаҳои миллӣ ва бо назардошти шароит ва имкониятҳои маҳаллӣ;
— ҳамгироии кушишу талошҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, бахусус барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фаъол гардонидани иштироки доираи соҳибкорони маҳаллӣ дар раванди татбиқи онҳо.
— таъсиси фондҳо ва марказҳо барои дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, ки барои ҷалби мунтазами ҷавонон ба татбиқи барномаҳои иҷтимоии ҷавонон равона шудаанд. Яъне, ҳавасманд гардонидани онҳо ҷиҳати иштирок дар амалисозии барномаҳои алоқаманд;
— ташаккули механизми фаъолсозии иҷтимоии ҷавонон тавассути рушди иқтидори ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;
— мониторинг ва баҳодиҳии раванди татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, мутаносибан ташаккули махзани омори иттилоотии маҳаллӣ бо фарогирии фаъолияти низоми идоракунӣ ва танзими вазъи ҷавонон дар сатҳи маҳал;
— ташаккули механизми маҳаллии тарбияи идеологии ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, сулҳдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ғайра;
— ташаккули механизми бо кадрҳо таъмин намудани низоми маҳаллии сиёсати давлатии ҷавонон дар ҳамгироӣ бо низоми миллӣ.
Тавре маълум мегардад, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба равиши (усули) идоракунии уфуқӣ, яъне татбиқи он дар сатҳи маҳал, вобастагии зиёд дорад, чуноне ки низоми идоракунии демократӣ талаб мекунад. Аммо дар амал, бори аввал ба дӯши низоми миллӣ (равиши амудӣ) меафтад. Аз ин рӯ, барои ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ, бояд ба ҳадафҳо ва мақсадҳои функсионалии ин ду равиш (усул) диққати махсус дода шавад.
Усули дигари татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ки хусусияти бисёрсоҳавӣ дорад, ба якчанд самти фаъолият нигаронида шуда, таъсиррасонӣ ё саҳмгузории соҳаҳои гуногуни низоми идоракуниро тақозо мекунад.
1.2.2. Усули таъсиррасонии бисёрсоҳавӣ
Дар баробари ду усули дар боло баррасишуда, технологияи таъсиррасонии бисёрсоҳавӣ низ ҳадафи хос дорад.
Дар боло якчанд далел пешниҳод шуданд, ки сиёсати ҷавонон як низоми ҳамкории байнисоҳавӣ мебошад ва барои фаъолсозии ҷавонон ва ҳалли мушкилоти зиндагии онҳо равона шудааст [, с. 335]. Ин маънои онро дорад, ки сиёсати давлатии ҷавонон бе ҳамкории мутақобилаи соҳаҳои дахлдор, бахусус маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, шуғл, занон, оила, фарҳанг, варзиш ва дин вуҷуд дошта наметавонад. Ғайр аз ин, сарфи назар аз вазифаҳои ҳамоҳангсозии соҳаи кор бо ҷавонон, ҳудудан ҳамаи дигар соҳаҳо нисбат ба ҷавонон вазифаҳои хоси худро доранд, ки ин ҳамчун асос барои муайян кардани дараҷаи уҳдадориҳои онҳо ва нақши онҳо дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар як сатҳ арзёбӣ мегардад.
Моҳияти сиёсати давлатии ҷавонон дар он аст, ки он бояд дар ҳама соҳаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ ҳамчун воҳиди қисми махсус фаъол ва намоён бошад, фаъолияти он ҳамеша эҳсос шавад ва ба рафтор ва муносибати муҳит таъсири назаррас расонад. Он инчунин бояд рӯҳияи худшиносӣ ва худогоҳии ҷавононро тақвият бахшад ва бо ин васила ба тақвияти асосҳои идеологияи миллӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, таълимӣ ва дигар масъалаҳои мубрам мусоидат намояд.
Ҳамин тариқ, нақш, аҳамият ва дараҷаи таъсиррасонии бисёрсоҳавӣ дар таъмини рушди устувори сиёсати давлатии ҷавононро метавон чунин муайян кард:
— ташаккул ва тақвияти механизми ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон байни соҳаҳо, бахусус муайян кардани сатҳи ҳамоҳангии мутақобила ва таъсиррасонии соҳаи кор бо ҷавонон ба дигар соҳаҳо, ки беш аз 40 фисади вазифаҳои онҳо мустақиман ё бавосита ба масъалаҳои ҷавонон алоқамандӣ дорад;
— азнавсозии (таҷдид) сиёсати идоракунии соҳаҳо (сохторҳое, ки дар онҳо беш аз 30% кормандонро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд) бо назардошти дохил кардани воҳиди махсуси оид ба кор бо ҷавонон ва ҷалби ҷавонон ба ҳайати роҳбарикунанда;
— таҳия ва татбиқи сиёсати босалоҳият (функсионалӣ) ва бонизоми байнисоҳавӣ нисбат ба ҷавонон бо фарогирии нақшаҳои амалӣ, стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои дорои хусусияти идеологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ;
— мунтазам ва бо тартиби муайян ҷалб намудани доира соҳибкорӣ дар ҷараёни татбиқи ва рушди сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла рушди соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ дар байни ҷавонон;
— фаъол гардонидани иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, муайян кардани мушкилоти иҷтимоӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои алоқаманд дар байни ҷавонон;
— таҳия ва ба роҳ мондани механизми амалисозии василаҳои ҳавасмандгардонии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар соҳаи мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади тақвият бахшидани рӯҳия, сатҳи шуурнокӣ ва ҷисми сарбозон, инчунин тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ахлоқи ҳамида;
— рушди иқтидори кадрӣ барои инфрасохтори соҳаҳои варзиш ва фарҳанг ва ҷалби мунтазами ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, тарбияи ҷисмонӣ ва маърифати фарҳангӣ.
Ҳамчунин бисёр тадбирҳои дигаре низ мавҷуданд, ки хусусияти соҳавӣ дошта, аз як соҳаи муайян ва ё сохтори ғайриҳукуматӣ вобастаанд ва метавонанд барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон истифода шаванд.
Фаъолияти амалии ин механизм — усули байнисоҳавӣ оид ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон на танҳо инкишофи пурраи ҷавононро метавонад таъмин кунад, балки вазифаҳои давлатро сабук гардонад, маблағҳои муайянро сарфа кунад, иҷрои самараноки вазифаҳои салоҳиятноки (функсионалии) соҳаҳоро осон кунад ва аз ҳама муҳим он ки барои худинкишофёбии соҳаҳо дастгоҳи ёридиҳандаеро эҷод кунад. Ба ибораи дигар, ин равиш (усул) ҳам барои ҳокимияти давлатӣ ва ҳам барои ҷомеа, инчунин барои бахшҳои алоҳида фоидаовар мебошад.
Дар боло чанде назарияҳо оид ба усулҳои идоракунӣ ва татбиқи унсурҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ карда шуданд. Ғайр аз ин, дар заминаи таҳияи сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин баъзе назарияҳои умумӣ марбут ба шахсияти ҷавон мавҷуданд. Яке аз вазифаҳои маъмултарин ва муҳимтарин дар самти тарбияи ҷавонон, ин усулҳои интизомии таъсиррасонӣ мебошад, ки дар солҳои охир дар самти идоракунӣ бештар истифода мешаванд.
1.2.3. Усули масъулияти интизомӣ
Масъулият дар таъмини интизом, ин маҷмӯи муносибатҳо ва чораҳои интизомие мебошад, ки аз ҷониби субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон бо мақсади таълиму тарбияи ҷавонон ба амал бароварда мешаванд.
Бояд қайд кард, ки интизом дар ин ҷо ҳамчун як чораи тарбиявӣ барои субъектҳо ва объектҳои сиёсати ҷавонон баррасӣ мешавад. Мувофиқан, масъулияти интизомӣ ҳамчун як чораи байнисоҳавӣ ва байнисубъективии соҳаи тарбия пешниҳод карда мешавад.
Масъулият барои таълиму тарбияи ҷавонон, бахусус кӯдакон (то 18-сола) шохчаҳои паҳншуда дорад, ки сараввал ба оила, сипас ба мактаб (муассисаҳои таълимӣ) ва дар ниҳоят ба муҳити зист (ҷомеа) бор мегардад. Ин шохчаҳоро метавон муассисаҳои таълимӣ номид, ки ҳар кадом дар таълиму тарбияи ҷавонон масъулияти ҳадафноки худро дорад [, c. 10].
Оила шахси ҷавонро аз рӯзи аввали ба дунё омадан тарбия мекунад, ӯро бо муҳаббат ва меҳрубонӣ фаро мегирад, аз таъсири беруна муҳофизат мекунад ва ғайра. Мактаб бо шахси ҷавон аз лаҳзаи ворид шудани ӯ ба марҳилаи нави ҳаёт — ба миён омадани талабот барои дониш ва пайдо шудани эҳсоси худшиносӣ дар ӯ, ҳамкорӣ мекунад. Ниҳоятан ҷомеа ҳамеша тавассути чораҳои ибратбахши тарбиявию маърифатӣ ва иттилоотӣ ба шахси ҷавон таъсир мерасонад.
Аммо, дар муқоиса бо ду ниҳоди аввалӣ чораҳои ибратбахши ҷомеа то андозае мубрам (принсипиалӣ) нестанд; яъне онҳо умумӣ ва асосан иттилоотӣ мебошанд. Маҳз аз ҳамин сабаб зарурати таҳияи равиши (усули) масъулият дар таъмини интизоми ҷавонон пеш меояд, то ин ки ниҳодҳо якдигарро пурра кунанд. Дар айни замон, масъулияти интизомии ҳарсеи ниҳодҳо, ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар маҷмуъ, номукаммал боқӣ мемонад. Ба таври содда чунин метавон баррасӣ намуд: дар як оила шахс хуб тарбия меёбад, аммо дар оилае бад; дар як мактаб таълимгирандагон бо ҳам дӯстанд, аммо дар мактаби дигар дар низоъ; дар як кӯча одамон дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ мекунанд, аммо дар кӯчаи дигар онҳо ноороманд ва ғайра.
Ҳамин тариқ, чораҳои масъулияти интизомро байни соҳаҳои ҳокимият чунин вобаста кардан мумкин аст:
— Масъулияти байнисоҳавии ҳамоҳангшуда: ташаккули механизми ҳамоҳангсозии амалҳо байни ниҳодҳои тарбиявии ҷавонон, ки дар инҷо яке аз ниҳодҳо илова бар масъулияти асосиаш ҳамчун ниҳоди ҳамоҳангсоз муқаррар мегардад. Ниҳодҳо барои ноил шудан ба ҳадафи умумӣ чораҳои муштарак ва ҳамоҳангшударо таҳия ва амалӣ мекунанд. Масалан, вобаста ба тарбияи идеологии ҷавонон ҳар як соҳа саҳми худро мегузорад, ки он пешакӣ ба нақша гирифта шуда, бо дигар ниҳодҳо мувофиқа карда шудааст ва барои ҳамоҳангсозӣ бо онҳо нуқтаҳои муайяни боҳамоӣ (амалиёти муштарак) дорад. Намунаи чунин чораюинӣ, ин таҳия ва татбиқи нақшаи амалиёти байнисоҳавӣ мебошад, ки дар он нақши ҳар як ниҳод муайян ва барои ноил шудан ба ҳадафи мушаххас равона карда шудааст.
— Масъулияти мувофиқашуда оид ба таъмини интизом: ҳадафи мушаххаси интизомӣ бо ҳамоҳангии байни ниҳодҳои тарбиявии ҷавонон таҳия ва амалӣ мегардад. Ҳар ниҳоде, ки амалисозии гурӯҳи муайяни вазифаҳоро ба нақша гирифтааст, онҳоро бо дигар ниҳодҳо мувофиқа мекунад, то инки такрори чорабиниҳо пешгирӣ карда шавад ва бо ин васила ниҳодҳои дигарро аз чораҳои банақшагирифташуда ва натиҷаҳои пешбинишуда огоҳ месозад.
— Масъулияти сатҳи миллӣ дар таъмини интизом: иқтидори умумии ниҳодҳо ҷиҳати иҷрои вазифаи мушаххаси сатҳи миллӣ муттаҳид карда мешавад, зимнан ҳар як ниҳод барои ноил шудан ба ҳадафи муқарраршуда, яъне дар доираи нақшаи умумии амалҳо саъю кӯшиш мекунад.
— Мониторинги амалҳои байнисоҳавӣ: Барои пайгирии татбиқи чораҳои интизомӣ, ҳар як ниҳод бояд бахши мониторинг ва баҳодиҳӣ ташкил намояд. Нақши он бояд аз назорат кардани ҷараёни чораҳои амалӣ, бахусус чорабиниҳое, ки аз ҷониби дигар ниҳодҳо амалӣ карда мешаванд, иборат бошад. Ин усул ҳамчунин принсипҳои усули «Масъулияти байнисоҳавии ҳамоҳангшуда» -ро дар бар мегирад.
Ҳамин тариқ, бо истифода аз усули «масъулият дар таъмини интизом» барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, мо ба як қатор чораҳои бонизом, ҳамоҳангшуда, банақшагирифташуда ва мувофиқашуда, ки ҳамаи ҷонибҳо, аз ҷумла худи ҷавононро дар бар мегиранд, ноил хоҳем шуд. Мушкилоте, ки бисёре аз субъектҳои сиёсати давлатии ҷавононро ҳам дар кишвари мо ва ҳам дар саросари ҷаҳон ба ташвиш овардааст, ин масъулият дар таъмини интизоми ҷавонон мебошад, ки гурӯҳи васеътари субъектҳоро ҷалб месозад.
Асоси назариявии сиёсати давлатии ҷавононро як василаи муҳими дигар низ, ишғол мекунад — таъсиррасонии бунёдӣ ба тафаккури насли ҷавон», ки дар навбати худ, дар шароити афзоиши падидаҳои манфӣ дар байни ҷавонон, аз қабили экстремизм, терроризм, ксенофобия, ҷинояткорӣ, фоҳишагӣ, нашъамандӣ ва ғайра, аҳамияти хосса пайдо мекунад.
1.2.4. Усули таъсиррасонии бунёдӣ (принсипиалӣ)
Усули «таъсиррасонии бунёдӣ» -ро метавон ба сифати яке аз технологияҳои асосии тарбияи идеологии ҷавонон ва татбиқи ҷанбаҳои идеологии сиёсати давлатии ҷавонон муносиб донист, ки дар шароити ҷомеаи муосир, бахусус барои муқовимат бо падидаҳои манфӣ, ки ба соҳибихтиёрии давлат, сулҳу осоиштагии ҷомеа таҳдид мекунанд, тақозо мегардад [, с.52].
Бояд қайд кард, ки барои ҳар як давлати муосири демократӣ меъёрҳои асосие, ки аз ҷониби шаҳрвандон бояд риоя рагданд, инҳоянд: эҳтиром ба (ҳифзи) соҳибихтиёрии давлат ва арзишҳои миллӣ, иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ ҳамчун қарз дар назди Ватан (масалан, хидмати ҳарбӣ), риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва ғайра. Барои таъмини риояи ин меъёрҳои бунёдӣ Ҳукумат барномаҳои гуногуни идеологиро бо мақсади таҳкими сатҳи тафаккури шаҳрвандон ва роҳнамоии он ба самти дуруст таҳия мекунад.
Сиёсати давлатии ҷавонон, дар навбати худ, ҳадафҳое дорад, ки тавассути татбиқи баъзе тадбирҳои бунёдӣ онҳоро ба даст овардан мумкин аст. Роҳу усулҳои татбиқи тадбирҳои бунёдии сиёсати давлатии ҷавонон ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад, (1) барои ё тавассути субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон ва (2) барои ё тавассути худи ҷавонон.
Субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон ба принсипҳои зерини фаъолият бояд асос ёбанд (бунёд гарданд):
— на кам аз 30 фисади кормандон бояд аз синни 30 сола хурдтар бошанд;
— татбиқи сиёсати дохилиидоравӣ оид ба ҷавонон (тариқи таҳия ва амалисозии стратегия ё консепсия);
— доштани на кам аз ду воҳиди (корманди) доимӣ (маошгиранда) оид ба кор бо ҷавонон;
— таъмини кадрҳо дар низоми сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин касбигардонии соҳаи кор бо ҷавонон;
— робитаи доимӣ (ҳамоҳангсозӣ) бо сохторҳои болоии соҳаи кор бо ҷавонон.
Риояи ин принсипҳо, дар назари аввал, содда ба назар мерасад, аммо, бо таъмини риояи онҳо, ҳар як ниҳод метавонад ба ҷавонон таъсири манфиатбахш расонад ва дар натиҷа ба ҳадафҳои барномавии худ ноил гардад.
Ҷанбаи дигари таъсиррасонӣ ба ҷавонон дар он аст, ки онҳо ҳамчун захираи асосии меҳнатӣ имрӯз ва ояндаро муайян мекунанд. Барои истифодаи пурраи ин захира ва равонасозии дурусти он татбиқи принсипҳои зерини таъсиррасонӣ тавсия дода мешавад:
— таълим ва тарбияи идеологии ҷавонон (аз давраи кӯдакӣ то синни 30-солагӣ) ҳам дар оила, ҳам дар мактаб ва ҳам дар ҷомеа дар ҳошияи талқини рукнҳои ватандӯстӣ, демократикунонии ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва сулҳдӯстӣ ва ғайра;
— таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷомеа, аз ҷумла дар идоракунии мақомоти давлатӣ;
— фаъолсозии ҷавонон тавассути татбиқи барномаҳои рушди фарҳанг, эҷодкорӣ ва ғайра;
— татбиқи усули омӯзиши «ҳамсол ба ҳамсол» дар муҳити ҷавонон, яъне тавассути худи ҷавонон (пешвоён ва сухангӯёни ҷавон) амалӣ намудан чорабиниҳо.
Татбиқи ин тадбирҳои бунёдӣ сифат ва самаранокии сиёсати давлатии ҷавононро таъмин намуда, аҳамиятнокии онро барои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ афзун мегардонад.
Бо такя ба таҷрибаи татбиқёбии сиёсати давлатии ҷавонон ва сабақҳои омӯхташуда, метавон хулоса кард, ки танҳо дар сурати амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳо, бахусус чораҳои бунёдӣ нақш ва аҳамиятнокии сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа воқеӣ ва пурсамар ҳисобида мешавад.
Дар қадами оянда мавқеъҳои муҳимтарини ҷавонон, ки дар Ҷадвали 1 нишон дода шудаанд, баррасӣ менамоем; унсурҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ахлоқию маънавӣ нишондиҳандаҳои асосии таъмини самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон мебошанд.
Вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷавонон. Дар шароити демократикунонии ҷомеа, бахусус иҷтимоишавии ҷавонон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон ин беҳтар кардани вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷавонон муқаррар карда мешавад, ки як қатор чораҳоро дар самти таъмини иҷтимоӣ ва фаъолсозии ҷавонон, иштироки ҷомеа ва маориф дар ҳаёти ҷавонон, ноилгардӣ ба мустақилияти иқтисодӣ ва таъминоти ҷавонон ва ғайраро дар бар мегирад [].
Вазъи сиёсии ҷавонон. Вазъи сиёсии ҷавонон аз фаъолнокии сиёсӣ ва иштироки онҳо дар маъракаҳои сиёсӣ вобаста аст. Ин зарурат аз он бармеояд, ки ҷавонон ҳамчун як қишри асосии ҷомеа бояд ба идоракунӣ омода бошад, зеро дер ё зуд ба ин зина (мақом) мерасанд. Яъне қабл аз он ки масъулияти идоракунӣ ба души ҷавонон меояд, онҳо бояд дониш ва таҷрибаи заруриро ба даст оранд. Зеро ҳокимият такягоҳи ҷомеа аст, ки дар навбати худ захираҳои инсонии озмудашуда ва ботаҷрибаро тақозо мекунад [, с.6].
Аз ин рӯ, истилоҳи «иштироки ҷавонон» — иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа — дар саросари ҷаҳон рӯз аз рӯз эътироф ва пазироии бештари субъектҳои сиёсиро пайдо менамояд. Ин маънои онро дорад, ки сарфи назар аз меъёрҳои қатъии идоракунӣ, ҷалби қувваи нави корӣ — ҷавонон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, гӯш кардани андешаҳои онҳо ва қабули қарорҳои мувофиқ зарурат пайдо мекунад.
Фарҳанг ва эҷодкории ҷавонон. Барои ҳар як халқу миллат фарҳанг нуқтаи тамос — робитаи байни наслҳо ва давраҳои таърихӣ ва ҳомии ҳувияти миллӣ арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, тарбияи фарҳангии ҷавонон ва иштироки онҳо дар ҳифзи мероси моддию маънавӣ ин нуқтаи тамос ё робитаро таҳким мегардонад ва тақвият мебахшад [, саҳ. 270].
Ташаббусҳои эҷодкорӣ дар байни ҷавонон дар ҳошияи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеаи муосир нақши муҳим мебозад. Эҷодкорӣ, дар навбати худ, қисми маърифат ва баррандаи фарҳанг ҳисобида мешавад, аз ин рӯ рушди муштараки онҳо ба ҳамин ҳадаф хизмат мекунад.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои охир ташаббусҳои эҷодии ҷавонон на танҳо ба рушди фарҳанг ва ватандӯстӣ равона гардидааст, балки барои таъмини рушди шахсят, бахусус мустақилияти иқтисодӣ равона шудаанд, ки ин барои ҷалби бештари ҷавонон ба ин самти фаъолият хизмат мекунад.
Мавқеи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон. Мавқеи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон маҷмӯи мураккаби хусусиятҳои равонӣ ва рафториро дар бар мегирад ва муҳимияти рафтору кирдори шахси ҷавонро нисбат ба муҳити зист муайян мекунад, ки ин дар навбати худ аз сатҳи тарбия ва таълими шахси ҷавон бармеояд.
Дар робита ба ин, тарбияи ҷавонон, бахусус тарбияи ватандӯстӣ, дар маркази диққати махсуси аксари давлатҳо, аз ҷумла Русия, Чин ва дигарон қарор дорад [, с.335].
Бо назардошти вазъияти кунунӣ дар робита ба афзоиши амалҳои экстремистӣ ва террористӣ дар саросари ҷаҳон, мавқеи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст. Зеро шумори зиёди аъзои аксари ҳаракатҳои экстремистиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Илова бар ин, маҳз ҷавонон бинобар иродаи заиф ва сатҳи пасти маълумотнокӣ гурӯҳи осебпазиреро мемонад, ки ҳаракатҳои экстремистӣ ҳамчун луқмаи тайёр ба онҳо назар мекунанд.
Дар айни замон аксари ҳукуматҳо бо дарназардошти принсипҳои демократии идоракунӣ, яъне плюрализими (гуногунандешии) сиёсӣ аз татбиқи барномаҳои идеологии сиёсӣ даст кашидаанд, ки вазъиятро боз душвортар мегардонад. Зимнан, зарур аст, ки ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун ниҳодҳои салоҳиятдор ба ташаккули идеологияи сиёсӣ бо назардошти рукнҳои идеологияи миллӣ таваҷҷуҳ карда, ҷавононро дар рӯҳияи сиёсати идоракунии комил тарбия намоянд ва ҷомеаи шаҳрвандиро низ дар ин самт фаъол гардонанд.
Ҳамин тариқ, чунин хулоса ба миён меояд:
— Таҳқиқот нишон дод, ки сиёсати ҷавонон дар шароити муттаҳидии талошҳои соҳаҳои гуногун барои ҳалли мушкилоти ҳамарӯзаи ҷавонон ташаккул ёфтааст, ки боиси таҳия ва татбиқи чораҳои гуногунҷанба ҷиҳати мутобиқшавӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва худамалигардии ҷавонон гардидааст.
— Муайян карда шуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан тибқи сохтори амудӣ амалӣ карда мешавад, яъне сохтори уфуқии идоракунии сиёсати ҷавонон, ки асосҳо ва принсипҳои демократии рушд (ғайримуттамарказонӣ) тақозо мекунанд, амалан ба назар гирифта намешавад. Яъне, рӯи ин масъала андешидани табирҳои бетаъхир тақозо мегардад.
— Сиёсати давлатии ҷавонон таҳия ва ё ташаккули маҷмӯи тадбирҳоро дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ тақозо мекунад. Яъне, барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон, бояд сохторҳои амудӣ ва уфуқии идоракунӣ тавассути таҳияи ва амалисозии василаҳои мувофиқ ба роҳ монда шаванд. Ин як назарияи комилан нав дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аст, ки муаллиф онро ҳамчун як равиши системавӣ пешниҳод мекунад ва он аз технологияҳои идоракунии ниҳодҳои сиёсӣ ва принсипҳои демократии рушди ҷомеа бармеояд.
4. Ҳамин тариқ, дар шароити Тоҷикистон — ҷавонтарин кишвари ҷаҳон аз рӯи нишондиҳандаҳои демографӣ — равиши (усули) системавии пешниҳодшуда, ки маҷмӯи сохторҳои амудӣ ва уфуқӣ, амалҳои байнисоҳавӣ ва интерактивӣ, чораҳои ҳамоҳангсозӣ ва мониторингиро бо назардошти мушкилоти воқеии ҷавонон дар шароити дигагуниҳои демократӣ фаро мегирад, метавонад татбиқи самаранок ва рушди устувори сиёсати давлатии ҷавононро ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар дигар кишварҳо, бахусус дар кишварҳои дорои аҳолии ҷавон таъмин намояд.
§1.3. Вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷавонони Тоҷикистон дар ҳошияи татбиқи афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон
1.3.1 Таҳлили вазъи ҷавонон дар Тоҷикистон
Дар боло зикр гардид, ки объекти асосии сиёсати давлатии ҷавонон ин ҷавонон аст, мувофиқан, вазъи умумии ҷавононро дар кишвар метавон ҳам дастовард ва ҳам камбудии ин низом арзёбӣ кард. Аз ин рӯ, дар ин зербоб мушкилоти нисбатан муҳимми ҷавонон дар заминаи аҳамиятнокии самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун механизми асосии ин таҳқиқот баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар солҳои охир дар шароити демократикунонии кишвар дар ҳаёти ҷавонон тағйироти зиёде ба амал омаданд, як гурӯҳ пешрафт карда, мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намуданд, гурӯҳи дигар барои беҳтар кардани вазъи зиндагии худ мубориза мебурданд ва ин муборизаро идома дода истода, ҳуқуқ ва манфиатҳои худро ҳимоя мекунанд, гурӯҳи сеюм бошад, аз рукнҳои ҳаёти муосир ақиб мондаанд ва наметавонанд ба талаботи давраи гузариш мутобиқ шаванд.
Тоҷикистон ҷавонтарин кишвар дар ҷаҳон аст, ки синни миёнаи он ба 26,6 сол мерасад, 70 фоизи аҳолии Тоҷикистон шахсони то 30-сола аст, зимнан, ҷавонони аз 15 то 30 сола қувваи асосии кории арзёбӣ гардида, 20,2 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд [, с.27]. Ин мавқеъҳои номуназзами ҷавонон дар баробари афзалиятнокии онҳо ҳамчун захираи калидӣ барои рушди ҳамаҷонибаи давлат аҳамиятнокии ҳадаф ва нақши воқеии сиёсати давлатии ҷавононро дар Тоҷикистони муосир зиёд менамояд. Барои муайян ва арзёбии ин номуназзамӣ мушкилоти рӯзмарраи ҳаёти ҷавононро дар зер муфассалтар баррасӣ менамоем.
1.3.1.1 Иштироки ҷавонон
Иштироки ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир дар доираи татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон самти нави фаъолият ва хеле аҳамиятнок буда, он фаъолгардонии сиёсӣ, такомули малакаҳои идорӣ ва имкониятҳои фаррох барои роҳбарӣ дар мақомоти дахлдори идорӣ, иштирок дар таҳия ва амалисозии барномаҳои алоқаманд, дастрасӣ ба грантҳо ва фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, таъсиси ташкилотҳои мустақил ва кафолати таъмини адолати ҳуқуқиро барои ҷавонон фаро мегирад.
Айни замон, дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон, бахусус дар сатҳи маҳал мушкилоти назаррас мавҷуд аст. Аз як тараф, ҳалли ин мушкилот чандон душвор нест, аз тарафи дигар, дарки масъала ва дастрасии субъектҳои алоқаманд ба ин мушкилот хеле маҳдуд аст, ки сабаби ин вазъият сершуғл будани ин субъектҳо ва тахассусманд набудани онҳо, зимнан, таваҷҷӯҳи суст ба ҳалли мушкилот арзёбӣ мегардад.
Воқеан тахассусманд набудан ва сатҳи пасти донишу малакаи кормандони мақомоти дахлдори давлатӣ дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба рушди ҷомеа ва давлат дар ин самт, аз ҷумла рушди сармояи инсонӣ монеаҳо эҷод карда, боиси доманадор гардидани мушкилоти болозикр мебошад. Ин мушкилот ба таври васеъ эътироф нашудааст, аммо таъсири он, бахусус дар ҳошияи ҷаҳонишавӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои муосир назаррас ва хеле намоён аст.
Масалан, «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон» (солҳои пеш «Барномаи миллии ҷавонон» дар сатҳи миллӣ мутаносибан беҳтар бо фарогирии аксари нишондодҳои (вазифаҳои) муайяншуда амалӣ карда мешавад. Аммо, дар сатҳҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ ин нишондодҳо таҳриф (ба маротиб кам) шуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳамагӣ дар сатҳи 8—10% амалӣ карда мешаванд. Қобили зикр аст, ки ин Барнома мехнизми систематикиеро ташкил медиҳад, ки ба мақомоти маҳаллии кор бо ҷавонон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи маҳал ҳамчун василаи асосӣ кумак мерасонад. Вале бинобар сабаби сатҳи пасти дониши субъектҳои маҳаллӣ ва дарки аҳамиятнокии ин фишанги амалӣ ҷараёни татбиқи Барномаи мазкур дар сатҳи минтақа ва маҳал ғайриқаноатбахш мебошад. Омили дигар он ки дар як ноҳия ҳамон Барнома ҳамчун Барномаи маҳаллӣ қабул мегардад, ки мувофиқ аст, вале дар дигар ноҳия он ҳамчун Нақшаи амал ё Нақшаи чорабиниҳо қабул карда мешавад, ки хилофи принсипҳо ва сиёсати татбиқ ва идоракунии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад [, с. 27].
Барномаи мазкур худ ба худ низомеро ташкил медиҳад, ки ба роҳ мондани фаъолияти дурусти он иштироки ҷавононро дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ таъмин намуда, фаъолнокии онҳоро дар бартарафсозии мушкилоти худ ва ҷомеа бедор месозад.
Масъалаи дигаре, ки ба иштироки ҷавонон марбут аст, ин фаъолноксозии сиёсии ҷавонон ба ҳисоб меравад ва ин масъала хоси ҷомеаи муосир, аз ҷумла кишвари дорои сохти идоракунии демократӣ мебошад. Аз ин рӯ, таъмини мунтазами ҳар се шохаи ҳокимият (қонунгузор, иҷроия ва судӣ) бо кадрҳои ҷавон бо роҳи татбиқи механизмҳои ҳавасмандгардонӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.
Ҷомеаи Тоҷикистон ва умуман ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ аз сиёсати идоракунӣ, аз ҷумла имтиёзҳо ва ё афзалиятҳои низоми кадрии собиқ «Комсомол» хуб огоҳӣ доранд, насли калонсол то ҳол ин низомро ҳамчун низоми устувор ва намунавии тарбия ва омодасозии кадрҳои ҷавон ба ёд меоранд. Мутаассифона, дар давраи пошхӯрии ҳукумати Шӯравӣ ин низом ва ё мактаби омодасозии кадрӣ чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар дигар кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ кард.
Низоми амалии тарбияи сиёсии кадрҳои ҷавон дар симои мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон ва чанде аз бахшҳои (қанатҳои) оид ба кор бо ҷавонони ҳизбҳои сиёсӣ то имрӯз аз уҳдаи ин рисолати созанда — тарбияи (омодасозии) сиёсии кадрҳои ҷавон — набаромадаанд. Илова бар ин, имтиёзҳое, ки дар ин самт муқаррар ва таҷриба шуда буданд, зимнан, мебоист, ки онҳо дар шароити нави идоракунӣ такмил дода шуда, беҳтару хубтар исфтиода бурда мешуданд, зеро Тоҷикистон кишвар ҷавон аст, зуд ё дер мо ба ин низом бояд бирасем.
Масалан, яке аз имтиёзҳо ва афзалияти ин низом чунин муайян карда шуда буд, ки агар шахси ҷавон узви «Комсомол» бошад ва дар ташкилоти комсомолӣ таҷриба гирад, ба ӯ кафолати ҷойи кор дар ҳама намуди ташкилотҳо новобаста аз сохтори ташкилию ҳуқуқӣ дода мешуд. Бояд қайд кард, ки ин низоми таъмини кадрҳои озмӯдашуда танҳо дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд дошт; дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида, чунин низом вуҷуд надошт ва ҳоло ҳам вуҷуд надорад. Ин маънои онро дорад, ки низоми қаблии кор бо ҷавонон вазифаҳои худро дар сатҳи баланд иҷро мекард ва аз ҷониби ҳамаи сохторҳо ҳамчун қувваи пешбарандаи идеология эътироф карда мешуд. Албатта, дар шароити идоракунии демкоратӣ ҷорӣ кардани маҳз ҳамин имтиёз имконнопазир аст, аммо бар ивази он ва ҳаммонанд ба он мумкин аст, ки ташаккул дода шавад. Мисол, афзалият додан ба шахсони ҷавоне, ки узви иттиҳодияҳои ҷамъиятию сиёсии ҷавонон буда, то ба зинаҳои роҳбарикунандаи ин иттиҳодияҳо фаъолият карда, таҷрибаи хуби идоракунии иҷтимию сиёсиро аз худ кардаанд.
Яке аз ҷанбаҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дар раванди демократикунонии муносибатҳо ин иштироки ҷавонон дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин иштироки мунтазами онҳо дар таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоӣ, барномаҳои дахлдори давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.
Барои аҳолии кишвар, аз ҷумла ҷавонон то ҳол аҳамиятнокии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дарки нақши он дар рушди ҷомеа ва давлат, зимнан, тарзу услуби дастгирии он норавшан аст. Ин вазъиятро дар мисоли фаъолнокии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ дар ҷомеаи Ғарб ва камфаъолии онҳо ҷомеаи Шарқ, бахусус кишварҳои ИДМ иброз каран мумкин аст.
Боиси зикр аст, ки фаъолияти босамари ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз принсипҳои асосии институти демократия, яъне талаботи ҷомеаи муосир мебошад, ин маънои онро дорад, ки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бояд дар баробари мақомот ва ё ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ дар муайян ва ҳалли мушкилоти ҳаррӯзаи аҳолӣ ҳамқадам бошанд.
Дар солҳои охир дар Тоҷикистон афзоиши иттиҳодияҳои ҷавонон мушоҳида мешавад, аммо, дар муқоиса бо талаботи ҷомеа суръати ин раванд хеле суст аст. Айни замон ҷавононро дар Тоҷикистон 72 ниҳоди давлатии кор бо ҷавонон, 53 марказҳои ҷавонон, 40 ниҳоди бахши кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, беш аз 4000 ҳаракати хонандагон дар муассисаҳои таълимии миёна, тақрибан 300 клуби ҳаваскорон ва 200 иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон намояндагӣ мекунанд. Ҳоло шумораи ҷавонон (аҳолӣ) дар кишвар ҳар сол ба шумори 260 ҳазор нафар меафзояд [, с. 15]. Ин нишондиҳанда агарчанде хусусияти мусбӣ дошта бошад ҳам, аммо дар вазъияти имрӯза, тибқи мушоҳидаҳо ва таҳлилҳо ба тарбияи комили (босифати) насли ҷавон, таъминоти иҷтимоию иқтисодии онҳо ва фаъолияти сиёсию маънавб ва ахлоқии ҷавонон таъсири манфӣ дорад. Дар натиҷа сатҳи падидаҳои номатлуб, аз қабили камсаводӣ, бекоргардӣ, ҷинояткорӣ, экстремизм ва ғайра дар байни насли ҷавон ҳамасола афзоиш меёбад. Яъне, ҷиҳати истфодабарии босамари ин нерӯ зарур аст, ки дар баробари афзоишёбии он инфрасохтори алоқаманд ва низоми муносиби идоракунӣ таҳким бахшида шавад.
Иштироки фаъоли ҷавонон ҳамчун як қишри фарогири ҷомеа дар муносибатҳои демократикунонӣ дар таҳия ва татбиқи барномаҳо ва стратегияҳо хеле муҳим аст. Аммо, ҷавонон дар бораи татбиқёбии барномаҳо ва ташаббусҳои ҷамъиятию давлатии ба онҳо робитадошта пурра огоҳӣ надоранд ва то андозае, бинобар сатҳи пасти дониш ва дарк накардани вазъият, барои иштирок дар татбиқ ва ё бардоштани самара аз онҳо ҳавасманд ҳам нестанд.
Аз ин рӯ, имрӯз мо бояд шароитеро барои тақвияти иштироки ҷавонон дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ фароҳам оварем, ки ҷавононро барои таъсиси иттиҳодияҳо ва ҳаракатҳои гуногуни муташаккил ва худфаъол дар шакли марказҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, маҳфилҳо, иттиҳодияҳои донишҷӯён, ихтиёриён ва ғайра ҳавасманд гардонад. Бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳияи системаҳои татбиқи фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ барои ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон дар ҳама сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ, ноҳиявӣ ва маҳаллӣ (ҷамоат) ба мақсад мувофиқ аст.
Ҳамчунин, барои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муҳим аст, ки дар фароҳам овардани шароит барои рушди ҳаракатҳои ҷавонон, аз ҷумла таъсиси марказҳои маҳаллии кор бо ҷавонон дар ҳар як ҷамоат саҳм гузоранд. Ин ба ҷавонон имкон медиҳад, ки пас аз дарс ва дар вақти таътил ба фаъолиятҳои гуногуни худташаккулёбӣ ва донишомӯзӣ машғул шаванд.
Иштироки ҷавонон ҷавҳари сиёсати давлатии ҷавонон аст; рушди устувори ин самт метавонад иштироки самаранок ва муназзами ҷавононро дар ҳама сохторҳо, бахусус рушди сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа таъмин намояд.
1.3.1.2 Шуғли ҷавонон
Дар давраи гузариш ҷавонон дар ҳама гурӯҳҳо ва табақаҳои иҷтимоӣ намояндагии худро доранд ва нобаробарӣ дар моликият ва тафовутнокӣ дар муносибат бо онҳо ба таври возеҳ инъикос мегардад, аммо маҳз ҳамин гурӯҳи иҷтимоӣ ҳамчун имконият ва дурнамои рушди иқтисодӣ арзёбӣ мегардад. Фаъолияти иқтисодии ҷавонон асосан бо рушди бахши хусусӣ алоқаманд мебошад. Бо иштироки ҷавонон дар муносибатҳои иқтисодӣ як гурӯҳи нави шахсони шуғлманд пайдо мегардад, ки бо тағйирётҳои шакли хусусӣ (ҳамчун ашхоси ба меҳнати кироя ҷалбнагардида) робитаи мустақил доранд. Инҳо соҳибмулкон ва ҳам соҳибмулкони корхонаҳои хусусӣ, шахсони (соҳибкорони) инфиродӣ, коргарони оилавӣ (бемузд коркунанда) ва ғайраро дар бар мегиранд [, с. 182].
Барои қисми зиёди ҷавонон машғул шудан ба худкорӣ (шуғли муздноки худэҷод) ҳанӯз дар давраи наврасӣ, яъне бармаҳал одат шудааст, зеро талаботи ҷомеаи муосир дар ҳошияи мустақилияти иқтисодӣ онҳоро ба ингуна муносибат такон медиҳад. Одатан, ин корҳои намуди камтахассуснок буда, бештар дар соҳаи хизматрасонӣ дастрас мебошанд. Ин намуди фаъолияти меҳнатӣ, яъне шуғлмандии бармаҳали ҷавонон бештар бо номи «меҳнати сиёҳ» — бидуни касбу тахассус тавсиф мешавад. Мутаассифона, дар баробари нафъи пулӣ ин намуди корҳо ба ҷавонон таъсири зиёди манфӣ низ, мерасонад. Ҷавонон дар ин намуди фаъолият худро ба ҳолати номусоиде мерасонанд, ки имконият ва ё фурсати омӯхтан ва рушди касбиро аз даст медиҳанд.
Боиси зикр аст, ки дар бозори худкор дар баробари ҷавонон гурӯҳи дигари иҷтимоӣ низ, фаъолнокӣ нишон медиҳанд — шахсони бекор ва ё машҳур бо номи «мардикор». Мардикорон бештар ба кӯчабозорҳо баромада, ба ҳама намуди коре, ки ба онҳо муносиб аст ва аз уҳдаи он мебароянд, машғул мегарданд. Ин намуди ҷойҳои корҳо, одатан хусусияти муваққатӣ дошта, дар шакли ғайрирасмӣ аз ҷониби шахсони воқеи ва ҳуқуқии ба қувваи корӣ эҳтиёҷдошта ташкил карда мешаванд ва аксар вақт бе асоси қонунӣ. Илова ба номгӯи боло ҳамчунин фаъолияти меҳнатии муваққатӣ, ки ба гурӯҳи осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон дастрас аст, дар шароити имрӯза чунин номгир мешаванд ва аксари онҳо дар шароити иқтисоди бозоргонӣ аз кишварҳои Ғарб ба мо кӯчидаанд: «корҳои донишҷӯӣ», «фрилансер», «хонакор», «дастраскунӣ (курер)», «худкорӣ» ва ғайра.
Албатта, мавҷуд будани шароити корӣ ва ё имкониятҳои ташаккулёбӣ аз ҷиҳати мустақилияти иқтисодӣ хуб аст, аммо ин низоми муносибатҳои меҳнатӣ бояд ба танзим дароварда шуда, хавфи ба пулу мол мафтуншавии ҷавонон, зимнан паст гардидани сатҳи касбияти онҳо дар бозори меҳнат аз байн бурда шавад.
Мутобиқи таҳлилҳои охир, ҳар сол беш аз 9,2 фоизи (550 ҳазор нафар) қувваи кории кишвар, аз ҷумла ҷавонони 15—29 сола барои кор ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия сафар мекунанд [, с. 37]. Таносуби муҳоҷирони меҳнатии ҷавон ба 49,1 фоизи (270 ҳазор нафар) шумораи умуми муҳоҷирони меҳнатӣ баробар аст [, с.253].
Дар инҷо омили ташвишовар он аст, ки шумори зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ дараҷаи маълумоти касбӣ надошта (миёнаи пурра — 71,7 фоиз), дар корҳои намуди дуюмдараҷа истифода мегарданд. Ин воқеист, чун бидуни маълумоти касбӣ дигар кореро уҳдабаро намегардӣ.., зимнан, ҳамагӣ 15 фоизи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамчун дорои дараҷаи маълумоти касбӣ муайян карда шудааст. Аз инҷост, ки муҳоҷирони тоҷик дар Федератсия Русия доимо зери маломат қарор доранд, на манфиати иҷтимоию иқтисодии худ ва манфиати ҷомеаи тоҷикро ҳифз карда наметавонанд.
Боиси иброз аст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам таъсири мусбат ва ҳам таъсири манфӣ дорад, аммо дар шароити кунунии иқтисодӣ таъсири мусбии муҳоҷирати меҳнатӣ афзалиятнок арзёбӣ мегардад. Тибқи таҳлилҳо ҳар сол бинобар муҳоҷирати меҳнатӣ беш аз 5 миллиард доллари ИМА (2022-$5,2 млрд) ба иқтисодиёти кишвар ворид мешавад, ки ба ҳалли мушкилоти сершумори иҷтимоию иқтисодии ҷомеа мусоидат мекунад.
Масъалаи дигар истифодаи самараноки ин захираи меҳнатӣ мебошад, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи маърифати иқтисодӣ ва касбии ҷавонон — муҳоҷирони эҳтимолии меҳнатӣ (дар ояндаи наздик), фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фазои сармоягузорӣ (сармоягузории муҳоҷирони меҳнатӣ ба соҳибкории хусусии кишвар), мутаносибан, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди шуғлмандии ҷавонон аз шумори чораҳои афзалиятнок арзёбӣ мегарданд.
Дар давраи Шӯравӣ, яъне дар доираи режими коммунистӣ мардум ба он эътимод дошт, ки ҷойи корӣ аз ҷониби давлат таъмин карда мешавад ва то андозае чунин ҳам буд. Аксари муносибатҳои идоракунӣ дар ҷомеа дар инҳисори далвати Шӯравӣ буд, мувофиқан таҳлили вазъи бозори меҳнат, аз ҷумла эҳтиёҷот ба кадрҳои тахассуснок, яъне нақшабандии воҳидҳои корӣ ба таври васеъ дастраси ҳокимияти давлатӣ буд, мувофиқан шумори зиёди хатмкунандгон бо ҷойи корӣ фаро гирифта мешуданд.
Аммо, ҷомеаи демократӣ шароити комилан дигари бо ҷойи кор таъминкунӣ — бозори меҳнатро барои шуғлмандии ҷавонон пешниҳод мекунад, ки он дар Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои демократӣ мунтазам рушд мекунанд. Бо ифодаи дигар, агар дар режими коммунистӣ ба ҷавонон таъмини ҷойи корӣ кафолат дода мешуд, пас дар ҷомеаи демократӣ барои таъмингардии ҷавонон бо ҷойи корӣ танҳо шароит фароҳам оварда мешавад, ин ҳам шароити бозорӣ. Яъне, ҳар нафар бо назардошти кӯшиш, талош, қобилият ва касбияти худ метавонад дар бозори меҳнат мавқеи сазоворро ва ё ҷойи кори муносибро соҳиб гардад. Дар робита ба ин, мушкили асосӣ дар дараҷаи дарк кардан ё сарфаҳм рафтани ин низом аз ҷониби шаҳрвандон ба миён меояд; ҳоло ҳам қисми зиёди онҳо, бахусус насли калонсол ба ин тақозои ҷомеаи муосир мутобиқ нашудаанд ва барои фарзандони худ, яъне ҷавонон (мисли пештара) ҷойи корӣ талаб мекунанд. Зиёда аз ин, яъне ҳолати бадтар ва хавфбор он аст, ки гурӯҳи зиёди волидон дар пасманзари собиқ давлати Шӯравӣ фарзандони худро дар рӯҳияи интизорӣ ё номуайянӣ тарбия медиҳанд ва умедвор мекунанд, ки новобаста аз ҳолат (қобилият, дониш, касбият) давлат ҷавононро бо ҷойи корӣ таъмин мекунад.
Аз ин лиҳоз, хурду бузурги кишварро бояд донист, ки иқтисоди бозоргонӣ тамоман равиши дигари шуғмандиро талаб мекунад, онеро ки ба талаботи Шариат низ, муносиб аст — иҷтимоишавии ҳар як шахс ва интихоби мустақилонаи роҳи зиндагӣ, аз ҷумла аз худ кардани дониш, малака, касб ва тахассуси муносб, шуғлмандӣ, фаъолнокӣ ва мутобиқшавӣ ба шароити ҷомеаи муосир.
Аз ин рӯ, дар масъалаҳои шуғлмандии ҷавонон дар баробари ҳокимияти давлатӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ низ, ки аз оилаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва бахши хусусӣ иборат мебошад, бояд нақши фаъол дошта бошад. Иштироки бахши хусусӣ дар ташаккули захираи кадрии худ ҳолати беҳтарро тақозо мекунад, зеро ин механизм дар кишвар амалан вуҷуд надорад, дар ҳоле ки дар кишварҳои пешрафта ин низом барои ҳар як корфармо ҳатмӣ ва асосӣ аст.
Маълум аст, ки маҳаки мушкилоти бо шуғл таъмингардии ҷавонон дар Тоҷикистон ин сатҳи пасти маълумотнокӣ ва огоҳии субъектҳои калидӣ, аз ҷумла оилаҳо ва корфармоён оид ба асолат, воқеияит ва талаботи иқтисоди бозорӣ ва ё бозори меҳнат арзёбӣ мегардад.
Дар ин ҷо нақши ниҳодҳои сиёсати давлатии ҷавонон ин тарбияи ҷавонон ҳамчун оилаҳо ва корфармоёни оянда, ҳамзамон (ҳамчун механизми нав) ҷалб ва муттаҳид кардани доираҳои соҳибкорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккули механизми шуғлмандии ҷавонон дар шароити бозори меҳнат мебошад.
1.3.1.3 Саломатии ҷавонон
Саломатӣ неъмати бебаҳоест барои ҳама гуна талошҳо баҳри беҳтарсозӣ ва рушди вазъи иҷтимоӣ. Мувофиқан, консепсияи ташаккули тарзи ҳаёти солим омили муҳими суръат бахшидани рушди устувор, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар кардани сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.
Дар солҳои аввали соҳбистиқлолӣ сарфи назар аз ҳама мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар барои ҳифзи саломатии аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакон ва ҷавонон чораҳои муайян андешида шуданд.
Новобаста аз ин, дар ҷомеа шумори бемориҳои хавфнок афзоши дорад ва яке аз онҳо, ки тавлиди тарзи ҳаёти муосири одамон мебошад, ин бемории ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) аст. Мутобиқи маълумоти дастрасшуда ба ҳолати имрӯза дар саросари ҷаҳон 39,9 миллион нафар бо ВНМО/БПНМ зиндагӣ мекунанд ва 4,5 миллион нафари онҳо мубтало будани худро ба ин беморӣ намедонанд. Сеяки онҳое, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд ҷавонони аз 15 то 24 сола мебошанд. Дар соли 2023, 630 ҳазор нафар аз бемориҳои марбут ба СПИД фавтиданд. Аз ибтидои мубталошавӣ (с.1981) то имрӯз 88,4 миллион нафар ба ВНМО гирифтор шуда, 42,3 миллион нафар аз ин беморӣ фавтидаанд [].
Ба ҳолати январи 2021 дар Тоҷикистон расман 1084 (аз ибтидо 12876 нафар) ҳолати сироятёбии ВИЧ ба қайд гирифта шудааст, ки 197 нафари онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд []. Вазъият бо ин сироят чунин аст, ки аз соли 2001 инҷониб дар Тоҷикистон афзоиши сироятёбӣ мушоҳида мешавад, ки ҳалли муносиб ва ҳамаҷонибаро талаб мекунад.
Сабабҳои асосии ин мушкилот муносибатҳои гуногунҷабҳаи байни одамон, бахусус ҷавонон мебошанд.
Тамоюли алоқаи ҷинсии бармаҳали ҷавонон ба назар мерасад, ки ба паҳншавии сироятҳо мусоидат мекунад. Набудан ё паст будани сатҳи дониш ва маълумотнокӣ дар бораи бемориҳои хавнок ва тарбияи ҷинсӣ низ, боиси паҳншавии бемориҳо дар байни наврасон мегардад ва онҳоро аз имконияти тарзи ҳаёти солим ва муносиб маҳрум мекунад.
Мутобиқи тадқиқотҳое, ки дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон (2010—2013) гузаронида шуда буданд, сабабҳои афзоиши ҳолатҳои ҳомиладории бармаҳал, исқоти ҳамл, истеъмоли маводи мухаддир, паҳншавии сироятҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва ВИЧ/СПИД дар байни ҷавонон ин сатҳи пасти маълумотнокӣ оид ба тарзи ҳаёти солим ва малакаҳои нигоҳубини худ мебошанд.
Ин тадқиқотҳо, агарчанде куҳна ҳам шуда бошанд, вазъияти имрӯзаро низ инъикос мекунанд; тибқи натиҷагирӣ аз ин пурсишҳо 73% ҷавонон аз гузаштани ташхиси ВИЧ худдорӣ кардаанд, сарфи назар аз он ки 74,5% ҷавонон боварӣ доранд, ки санҷиши ВИЧ ба онҳо аҳамиятнок аст. Шумораи назарраси ҷавонон — 18,1% мардон ва 27,4% занон — аз оқибатҳои алоқаи ҷинсии тасодуфӣ огоҳ нестанд ва намедонанд, ки дар асл кадом ҳолат ба сироятшавӣ аз бемориҳои хавфнок оварда мерасонад. 9,3% ҷавонон тасдиқ мекунанд, ки истеъмоли маводи мухаддир ба ВИЧ ва бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда оварда намерасонад ва 34% онҳо қайд карданд, ки шиноварӣ ва газидани магас метавонад ба ВИЧ ва дигар бемориҳо мубтало гардонад.
Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки сарфи назар аз муқовимати мунтазам бар зидди бемориҳои махсусан хавфнок, афзоиши онҳо то андозаи зарурӣ суст намешавад; ғайр аз ин, сатҳи огоҳии аксарияти одамон, бахусус ҷавонон, паст боқӣ мемонад, ки ин боиси афзоиши паҳншавии бемориҳо мегардад.
Дар давраи гузариш, дар асри 21, маълум мешавад, ки баъзе аз мушкилоти мураккаби тандурустии ҷомеаро танҳо тавассути тағйири рафтору кирдор ва рушди малака дар самти тарзи ҳаёти солим ҳал кардан мумкин аст. Ин воситаҳо, дар навбати худ, дар заминаи ҳамкории байнисоҳавӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дастрас мегардад. Ин тадбирҳо ба натиҷаҳои муассир оварда мерасонанд, агар онҳо бештар дар байни ҷавонон дар марҳилаи аввали ташаккулёбии шахсияти онҳо амалӣ гардида, иштироки онҳо дар ин раванд таъмин карда шавад. Ғайр аз ин, хизматрасонии тиббӣ, ки ба ҷавонон пешниҳод карда мешавад, бояд ба таври оқилона бо назардошти манфиатҳо ва ниёзҳои онҳо мутобиқ карда шуда, ҳама гуна хизматрасониҳо бояд дар шароити муносибати дӯстона расонида шавад.
1.3.1.4 Таҳсилоти муносиб барои ҷавонон
Дастовардҳои таълимӣ на танҳо ба тарзи фикрронӣ ва рафтори шахс таъсир мерасонанд, балки имкониятҳоро барои худмуайянкунии иҷтимоию фарҳангӣ низ фароҳам меоранд. Маориф муддати тӯлонӣ боз омили калидии рушди соҳаи иқтисод, воситаи муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҳам ҳокимияти давлатӣ ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.
Дигаргуниҳои ҷомеаи муосир, ки бо технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ алоқаманданд ва тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонро фаро гирифтаанд, ҳам барои фард ва ҳам барои низоми маориф аз як тараф рушду пешрафт, аз тарафи дигар таҳдиди воқеӣ ба миён овардааст. Тартиби тадрис, санҷиши сатҳи дониш, дастрасӣ ва ё расонидани маводи таълимиро ба таълимгиранда сабук ва шавқангез гардонида, таълимгирандаро ва ҳам омӯзгорро (то андозае) бинобар дастрасии фаррохи иттилоот дар шабакаи Интернет вобаста ба таҳлилу омӯзиш, омодагӣ ба тадрис ва худфаъолӣ танбал гардонидааст.
Илова бар ин, яъне дар шароити рақамигардии муносибатҳо аксари ҷавонон ба донишҳои иттилоотӣ ва технологӣ рӯ овардаанд, ки то як андоза нуфузи маорифро поён овардааст.
Дар солҳои охир имкониятҳои нав ва воқеии талқиндиҳандаи худмуайянкунии фардӣ пайдо шудаанд, ки дараҷаи баланди маълумоти касбиро (таҳсилотро) талаб намекунанд. Барои гурӯҳи зиёди ҷавонон ин имкониятҳо хеле ҷолибанд, гарчанде онҳо дар ин роҳ одатан ба муваффақияти воқеӣ ё пойдор намерасонанд, зимнан ингуна имкониятҳо ба рушди нерӯи эҷодии фардӣ таъсири манфӣ ба бор меоранд.
Воқеан дар сурате, ки шахси ҷавон имкон дорад, ки дар бозори меҳнат, бахусус бахши тиҷорат машғули коре гардад, ки тахассус ё дараҷаи касбиро талаб намекунад, аммо бо ин машғулият даромади зарурӣ барои зиндагӣ ба даст меоранд, пас, афзалияти маълумоти касбӣ то андозае паст мегардад ва ҷавонон ба таҳсил ва омӯзиши ихтисоси касбӣ кушиш накарда, ҳанӯз аз айёми навҷавонӣ (бармаҳал) ба бозори меҳнат мебароянд.
Дар ҳамин асно, омили хатарнок, ҳатто дар дараҷаи аввал на бӯҳронҳои иқтисодӣ ва на сиёсӣ, балки камсаводии ҷомеа, бахусус ҷавонон (аксарият) — надоштани маълумоти касбӣ, паст будани сатҳи дониши маънавию ахлоқӣ, машғул шудан ба беҳудагардию айшу ишрати аз ҳад зиёд, мувофиқан дучор омадан ба ҷомеаи дорои мафкураи пасти миллӣ (худшиносӣ, худогоҳӣ) арзёбӣ мегардад.
Ҷавонон ба арзишҳои моддӣ диққати зиёд медиҳанд ва мустақиман дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар ба таври фаъол иштирок намекунанд. Ба ғояҳои сиёсӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, ватандӯстӣ ва дигар арзишҳои иҷтимоӣ насли имрӯзаи ҷавонон таваҷҷӯҳи кам доранд.
Дар баробари ин, мутобиқи таҳлилҳо шакли (низоми) имрӯзаи таҳсилот талаботи ҷавононро то дараҷаи лозима қонеъ намегардонад, бахусус ҷиҳати мавқеъгирӣ дар бозори меҳнат фишангҳои муосирро, аз қабили ҳамкорӣ бо кордиҳандагон (ҷиҳати ташкили ҷойҳои корӣ), омодасозии мутахассисон дар доираи фармоишҳои махсус, мутобиқати касбҳои тахассусӣ ба бозори меҳнат ва ғайраро надорад.
Дар кишвар байни талаботи бозори маориф ва бозори меҳнат номувофиқатии зиёд дида мешавад ва дар натиҷа ҳазорҳо ҷавонон пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти касбӣ наметавонанд ҷойи кори муносиб пайдо кунанд.
Дар соли 2025 шумораи умумии хатмкардагон, яъне мутахассисон 77,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, аз ин 59,2% бо маълумоти дараҷаи олии касбӣ (духтарон-50%), 29,8% бо маълумоти дараҷаи миёнаи касбӣ (духтарон-43,9%) ва 11% бо маълумоти дараҷаи ибтидоии касбӣ (духтарон-6,1%) ба бозори меҳнат баромадаанд [, с.8].
Дар ҳамин давра мактаби таҳсилоти умумиро 186,3 ҳазор нафар хатм карда, 46,3% (86,2 ҳаз.) аз ин таносуб ба таҳсилоти ояндаи касбӣ роҳ наёфтаанд.
Ҳамин тариқ, дар соли 2025 ба бозори меҳнат, албатта, ҳамчун захираи озоди меҳнатӣ ва ё эҳтиёҷманд барои ҷойи корӣ 163,4 ҳазор нафар баромадааст. Аз ин таносуб ҳамагӣ 47,2% соҳиби маълумоти касбӣ буда, бақия (86,2 ҳаз.) дараҷаи маълумоти миёна доранд [, с.8].
Тибқи таҳлилҳои оморӣ дар соли 2024 ба 24,8 ҳазор нафар (32,1%) хатмкардагон мақоми бекорӣ дода шудааст, яъне мутахассисони нави ба бозори меҳнат баромада, натавонистаанд, ки бо ҷойи корӣ таъмин шаванд. Аз ин таносуб ба мутахассисони (шаҳравандорни) дорои мақомӣ бекор аз рӯи дараҷаи таҳсилот: 15,7% бо маълумоти дараҷаи олии касбӣ, 23,4% бо маълумоти дараҷаи миёнаи касбӣ, 19,4% бо маълумоти дараҷаи ибтидоии касбӣ ва 41,5% бо таҳсилоти миёнаи умумӣ рост меояд [, с.143].
Аз инҷо бармеояд, ки қисми назарраси хатмкардагон натавонистанд аз рӯи тахассуси касбии хеш ҷойи кор пайдо кунанд. Аз ин гурӯҳ аксаран ҷавонони дорои дараҷаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бекор мондаанд, гарчанде дар шароити бозори муосири меҳнат маҳз ҳамин гурӯҳ бояд аввалин шуда, ҷойи кор пайдо кунанд.
Вазъият дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонони бекори дорои дараҷаи маълумоти миёнаи умумӣ (41,5 аз шумораи умумии хатмкардагон) низ, нигаронкунанда аст.
Таҳлилҳои боло номувофиқатии барномаҳои таълимии омодасозии кадриро бо талаботи бозори меҳнат ва ё камфаъолии соҳаҳои маориф ва шуғлу меҳнати кишварро инъикос менамояд.
Дар ин ҳошия мушкилоти дигар, ин коҳиш ёфтани сатҳи донишандӯзии ҷавонон дар давраи пас аз хатми мактаби миёна мебошад. Ҳудудан нисфи хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, беш аз 100 ҳазор нафар аз идома додани таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ худдроӣ мекунанд ва ё роҳ намеёбанд; ҳарду сабаб дар шароити имрӯзаи муносибатҳои иҷтимию иқтисодӣ, ки ба принсипи бозорӣ асос меёбанд, нигароникунанда аст.
Чи тавре аз рақамгузориши боло дида мешавад, дар ин давра ҳамчунин омили коҳиш ёфтани таносуби таҳсили касбии писарон ҷой дорад, яъне агар таносуби хатми мактаби миёна бештар ба писарон рост ояд, пас ин пешравӣ дар зинаи таҳсилоти касбӣ ба духтрон насиб мегардад.
Аз инҷо бармеояд, ки тамоюли коҳишёбии маълумоти касбии мардон ҷараён дорад, ин омил дар шароити иқтисоди бозорӣ ва шуури ҷамъиятӣ (менталитет) ва ё фарҳанги тарбияи оилавии мо хеле ташвишовар аст.
Мушкилоти дигар дар ҷумҳурӣ ин фарогирии нокифояи духтарон бо маълумоти олии касбӣ ба шумор меравад.
Тавре дар рақамгузориши боло нишон дода шудааст сатҳи хатми писарон ва духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муътадил аст, аммо ин нишондиҳанда дар стаҳи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, бахусус дар зинаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ номуътадилӣ ва номуназзамӣ ба миён меорад. Аммо, ин нишондод барои ҷавонзанон бо назардошти маданияти тарбияи шарқӣ ва ё шуури ҷамъиятӣ бояд устувортар бошад, яъне онҳо бояд маълумоти касбии дастрасро (ибтидоӣ ва миёнаро) дар наздикии макони зисти худ имконияти аз худ кардан (омӯхтан) дошта бошанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии аз таҳсилоти олии касбӣ дур мондани гурӯҳи зиёди духтарон бинобар маҳдудият ва ё монеагиҳои калонсолон, аз ҷумла волидон аст. Умуман, дар ҷаҳон, бештар дар Шарқ чунин тамоюл роиҷ аст, ки занон имкони дар зиндагӣ баробар бо мардон пешравиро надоранд ва ин табиист, чун зан ба маънои том заиф аст ва на ҳамеша ба тазодҳои ҳаёт истодагарӣ карда метавонад. Яъне, чунин муносибат на танҳо монеаи сунъӣ, балки ҳамчун имконияти маҳдуди табиӣ низ арзёбӣ мегардад. Аммо ин маънои онро надорад, ки занон ҳуқуқи гирифтани маълумоти олии касбиро баробар бо мардонро надоранд, зеро зан-модар мураббии ҳамаи инсонҳои рӯи замин аст, зимнан маҳз маълумотнокии (донишмандии) зан боиси тарбияи шахсияти комил ва пешрафти ҷомеаи устувор шуда метавонад.
Боиси зикр аст, ки чунин муносибат ва ё рафтори насли калонсол аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳамчун поймол кардани ҳуқуқ арзёбӣ мегардад ва оқибати ҷавобгарии ҷиноӣ низ дар аксари кишварҳо дорад. Ҳамчунин дар Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак» амал мекунад, ки дар ҳошияи муқовимат ба ҳамин гуна рафтоҳои номатлуб қабул шудааст. Баъзе аз намояндагони насли калонсол, махсусан дар деҳот талаботи шариати Исломро асоснок мекунанд, ки занон бо мардон ҳуқуқҳои баробар надоранд, ки дар асл иштибоҳ ва нодуруст аст. Дар китоби муқаддаси Қуръон оварда (амр) шудааст, ки тарбияи фарзандро (додани маълумот, донишро) волидон бояд ба таври комил анҷом диҳанд. Яъне, мутобиқи шариат ҳама дар назди Худо баробаранд ва ҳама ҳуқуқҳои баробар доранд, аз ҷумла дар таҳсил.
Ҳамин тариқ, барои таъмини таҳсилоти шоистаи ҷавонон ва рушди нерӯи зеҳнӣ ва эҷодии ҷомеа зарур аст, ки шароити муносиб фароҳам оварда шавад.
Барои худфаъолии ҷавонон таҳияи чораҳои ҳавасмандгардонии иқтисодиро барои корхонаҳо ва муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, фондҳои хайриявӣ ва дигар ташкилотҳо ва афроде, ки барои дастгирии ҷавонон даъват шудаанд, тақозо мегардад.
Сиёсати давлатӣ оид ба рушд ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон ҳамчун сиёсати умумии рушди захираҳои инсонӣ амалӣ карда мешавад. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароит барои таъмини таҳсилоти муносиб ва босифат барои ҷавонон бояд мутобиқи талаботи ҷомеаи муосир, аз ҷумла дар заминаи рушди технологияи иттилоотию рақамӣ анҷом дода шавад.
Тақвият ва аз нав ташкил кардани ҳаракатҳои донишҷӯён дар заминаи муассисаҳои таълимӣ тавассути ташкили ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва ихтиёрии ҷавонон хеле саривақтӣ аст. Муҳим аст, ки идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии низоми тарбиявии ҷавонон ва наврасон ба як ё якчанд ниҳоди ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои ҷавонон ва ё иттҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон вогузор карда шавад, зеро ин низом ҳоло дар ҳолати заиф ва номуносиб қарор дорад.
Дар ҷаҳони муосир шаклҳои гуногуни таҳсилот, аз қабили фарогир, фосилавӣ, иловагӣ, ғайрирасмӣ ва ғайра пайдо шудаанд. Акнун шахси ҷавон метавонад дар ҳар ҷо ва дар вақти муносиб барои худ таълим гирад. Дар шароити Тоҷикистон, бахусус бо назардошти хусусиятҳои тарбияи маърифати миллӣ рушди низомҳои таълими ғайрирасмӣ ва фосилавӣ метавонад ба ҳавасмандгардонӣ ва зиёд шудани шавқи ҷавонон ба таҳсил мусоидат кунад.
Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки танҳо он давлатҳо ва ё ҷомеаҳо метавонанд ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, техникӣ ва эҷодӣ ноил гарданд, ки ҷавонони онҳо бо кор ва таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳудудан ҳамаи имкониятҳои зарурӣ барои самти тахассуснокӣ ва касбии ҷавонон дар заминаи демократикунонии ҷомеа мавҷуданд; аммо, рушди ин низом дар ҳамоҳангӣ бо ҳамаи сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва тиҷоратӣ масъулияти дигар аст, ки онро дар ин самт мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонон роҳбарӣ карда метавонад.
1.3.1.5 Таъминоти иҷтимоии ҷавонон
Низоми таъмини кӯмак ва дастгирии иҷтимоӣ барои ҷавонон иборат аст, аз бартараф кардани ниёзҳои муҳими ҷавононе, ки дар вазъиятҳои душвор ва низоъ қарор доранд, барқарорсозии иҷтимоии онҳо ва фароҳам овардани шароит барои иштироки минбаъдаи онҳо дар ташаккули ҳаёту фаъолияти комил мебошад.
Давлат барои коҳиш додани шиддати иҷтимоӣ дар байни ҷавонон ва тақвияти низоми хизматрасонии дастрас ва муносиб барои ҷавонон аз табақаҳои осебпазир (маъюбон, ятимон, кӯдакони бесарпаноҳ) чораҳои фаврӣ меандешад, инчунин ҷиҳати муқовимат бо паҳншавии нашъамандӣ, майзадагӣ, ҷинояткорӣ, қочоқи инсон, тундгароӣ ва экстремизм дар байни наврасон ва ҷавонон мунтазам чораҳо амалӣ менамояд.
Мувофиқан, вазъияти ҷавонон аз нигоҳи таъминоти иҷтимоӣ рӯз аз рӯз беҳтар мешавад, дар баробари ин, мушкилоти гуногун дар байни гурӯҳҳои осебпазири ҷавонон афзоиш меёбад. Масалан, ҷавонони маъюб — шахсони маъюб, ятимон ва кӯдакони кӯчагард ба хизматрасонии маориф ва тандурустӣ дастрасии маҳдуд доранд. Аз як тараф, ҳамаи дарҳо барои ин гурӯҳҳо кушодаанд; аз тарафи дигар, меъёрҳои ҳуқуқӣ, таълимӣ ва инфрасохторӣ имкон намедиҳад, ки хизматрасонии зарурӣ таъмин карда шавад. Тибқи омори расмӣ дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ 51 мактаби махсус фаъолият мекард, ки ба 13355 кӯдак (68,4% духтар) аз гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла шахсони маъюб (шумораи умумии шахсони маъюб беш аз 147000 нафар), ятимон ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат хизмат мерасонданд [, с.21].
Вобаста ба кӯдакони кӯчагард дар айни замон омори махсус пеш бурда намешавад, аммо тибқи маълумоти тадқиқотӣ шумораи онҳо тақрибан 13000 нафар аст. Бисёре аз онҳо дар шаҳрҳои калон зиндагӣ мекунанд ва ба фаъолиятҳое машғуланд, ки барои саломатии онҳо номусоид ва зарароваранд, ба монанди шустани мошинҳо, кашондани бор, гадоӣ ва ғайра.
Инсон дар ҳаёт якчанд маротиб ба фурсат ва ё имконияти интихоб пешорӯ мегардад, мувофиқан интихоби дуруст ба муваффақият ва интихоби нодуруст ва нокомӣ мерасонад. Яке аз ин фурсатҳо дар давраи ба балоғатрасии шахс, синни 14—18 солагӣ пешорӯ меояд.
Дар ин давраи камолот кӯдакони ятим бори нахуст ба имконияти интихоб дучор мегарданд, яъне ба онҳо фурсат дода мешавад, ки таҳсилро дар мактаб-интернат барои дарёфти дараҷаи таҳсилоти миёнаи умумӣ идома диҳанд ё инки барои омӯзиши касб ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва ё миёнаи касбӣ дохил шаванд. Албатта, ин интхоб осон нест, чун мавриди интихоби таҳсилоти касбӣ шахси ятим бояд 1) ба масофаи муайян аз ҷйи истиқоматӣ, мактаб-интернат дур равад, 2) ҳар рӯз хароҷоти роҳ ва хӯрок лозим мегардад, 3) пас аз синни балоғат, 18-солагӣ мактаб-интернатро тарк кардан лозим меояд, ин аз як тараф; аз тарафи дигар, дар ин давраи синнусолӣ шахси ҷавон (ятим) чун осебдида аст, бояд барои фаъолияти меҳнатии ояндаи наздики хеш пайроҳаи касбӣ ва ё ихтисоси кушояд.
Амри рисолат он аст, ки тибқи қонунгузорӣ пас аз ба синни балоғат расидан муҳлати парастории мактаб-интернат нисбат ба кӯдаки ятим ба анҷом мерасад, зимнан ӯ мактаб-интернатро бояд тарк карда, ба ташаккули ҳаёти мустақилона пардозад.
Тибқи таҳлили 10 мактаб-интернатҳои интихобӣ маълум гардид, ки ҳамасола ҳудудан 3—4% таълимгирандагон мактаб-интернатро хатм карда, ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дохил мешаванд, дар ҳамин зимн мактаб-интернатро тарк менамоянд.
Мутобиқи таҳлили як давраи 5-сола ятимони наврас дар соли 2018 ба таҳсилоти олии касбӣ майл доштаанд, аммо то соли 2022 ин тамоюл тағйир ёфта, онҳо бештар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил шудаанд. Дар шароити ҷомеаи муосир, сарфаи маблағ ва вақт ин тамоюли интихоби зинаи таҳсилоти касбӣ хуб аст ва боиси дастгирӣ аст, аммо масъалаи бо ҷойи хоб таъмин намудани ятимону бепарасторон — тарафи дигари масъала аст, ки дар ҳолати имрӯза ва иқтидори техникию ташкилӣ ва манзилии коллеҷҳо мушкилбор мебошад.
Таъминот бо манзил ва ё макони истиқоматӣ на танҳо барои гурӯҳҳои осебдида, балки барои кули навхонадорони ҷавон мушкилбор аст, зеро мамлакат, ки кӯҳсор аст, замин ва ё майдони мутобиқ барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ хеле кам аст, дар баробари ин афзоиши аҳолӣ ҳамасола ба беш аз 2% баробар аст. Агар дар солҳои 90-ум 4,5—5 миллион аҳолӣ буд, пас соли 2023 ин рақам ду маротиб бештар гардида, ба 10 миллион нафар расид.
Аз ин ҷо бармеояд, ки сиёсати демографӣ вобаста ба талаботи маишии аҳолӣ ва меъёрҳои шаҳрсозӣ ё бунёди манзилҳои истиқоматӣ бояд таҷдиди назар карда шавад, аз ҷумла масъалаи бунёди маҳаллаҳо ва ё шаҳракҳо дар кӯҳтеппаҳо барномарезӣ карда шавад.
Аз таҳлили боло бармеояд, ки таносбуи шумораи кӯдаконе, ки бо хизматрасониҳои иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд, хеле кам мебошад, теъдоди зиёди кӯдакони осебдида, аз ҷумла кӯдакони кӯчагард ва маъюб аз куамку дастгириҳои иҷтимоӣ фориғанд. Зимнан, ин мушкилот боиси афзоиши ҷинояткорӣ ва дигар падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон гардидааст, яъне мушкилоти дигарро ба бор овардааст, ки ташвишовар арзёбӣ мегардад.
Дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои асосии таъминоти иҷтимоӣ, ин бартарафсозии бекорӣ, аз ҷумла дар байни ҷавонон мебошад. Афзоиши табиии солонаи аҳолии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 260 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки суръати миёнаи афзоиши солонаи шуғлнокӣ дар иқтисодиёт, ба ҳисоби миёна то 70 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, яъне ҳамагӣ 27 фисади талабот қонеъ карда мешавад [, с.54].
Шумораи бекорон (расман ба қайд гирифташуда) 51,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, аз ин 30,1 ҳазор нафар ҷавонон мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки аксари бекорон — 58,6 фисад ҷавонон мебошанд. Тибқи маълумоти тадқиқотӣ сатҳи бекорӣ дар байни ҷавонон ба 76,6% (ҷавонзанон-30%) мерасад, яъне ду баробар бештар нисбат ба омори расмӣ. Дар ин ҷо, номувофиқ омадани рақамҳои оморӣ ба он асос меёбад, ки на ҳамаи бекорон дар хадамоти шуғл худро ба қайд гузоштаанд [, с.75].
Боиси зикр аст, ки дар тадқиқоти боло сатҳи бекорӣ ва бешуғлӣ аз ҳам ҷудо карда нашудааст. Яъне, шумори муайяни ҷавононе, ки ҳамчун бекор дониста шудаанд, машғули фаъолияти меҳнатӣ дар бозори ғайрирасмӣ (мардикор, фрилансер, хонакор ва ғ.) ва муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд ва таносуби ин омор номуайян боқӣ мемонад, чун омори расмӣ дар ин самт пеш бурда намешавад. Аммо мушкилоти бекорӣ дар байни ҷавонон ташвишовар боқӣ мемонад.
Афзоиши сатҳи бекорӣ дар байни ҷавонон аз якчанд сабабу омилҳо вобастааст, аммо муҳимтаринаш таҳсил ва тамоюли касбӣ мебошад. Шумори зиёди бекорон маълумоти мактабӣ (дарафаи маълумоти миёна) доранд, зимнан аксари онҳо дар бозори меҳнат наметавонанад мавқеъгир бошанд.
Илова бар ин, бекорӣ дар Тоҷикистон чун дар кишварҳои минтақа бисёрҷанба буда, барои ба сатҳи шахсият расидани фард таъсири зиёди манфӣ дорад, ҳамчунин оила, давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бозори меҳнат ва маориф низ таъсири манфӣ мерасонад. Барои мавқеъгирии фард дар ҷомеа ҷавонон ба маълумоти зарурӣ фаро гирифта намешаванд, онҳо ба маърифати иқтисодии ҳайт тарбия карда намешаванд, илова бар ин ба шахси ҷавон, мерос аз идеологияи Шӯравӣ, интизориҳои носолим ва эътимод ба он, ки дар ояндаи наздик ба онҳо таъмин бо шуғл (ҷойи кор) кафолат дода мешавад, талқин дода мешавад. Маҳаки ин тарбияи нокомил дар он аст, ки наслҳои то соли 90-ум дар фазои Шӯравӣ тарбия ёфта буданд ва дар воқеъ дар даврони Шӯравӣ таъмин бо ҷойи кор ба шахси ҷавон кафолат дода мешуд чун тамоми инфрасохтори ҷомеа таҳти инҳисори (монополияи) давлати Шӯравӣ қарор дошт, имрӯз бошад, ин ҳолат баръакс аст, яъне кулли имкониятҳо ва ё захираҳо дар ихтиёрдории ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.
Таъсир ва ё муқовимати ниҳоҳдҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо бекорӣ, аз ҷумла дар байни ҷавонон амалан ноаён аст, дар ҳоле ки дар кишварҳои пешрафта ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ мустақиман дар таълим, тарбия ва тамоюли (роҳнамоии) касбӣ ба ҷавонон, махсусан дастгирии ҷавонони дорои мақоми маъюбӣ, иштирок мекунанд, то онҳо худро танҳо, нотавон ва ё осебпазир ҳис накунанд. Аҳамиятнокии ин тарзи корбарӣ дар он аст, ки ҷавонон дар рӯҳияи мустақилона пайдо кардани мавқеи касбии худ тарбия карда мешаванд.
Дигари мушкилоти иҷтимоии мубрам дар доираи муҳоҷирати меҳнатӣ (дар байни гурӯҳҳои мақсаднок) ҷой дорад, — сатҳи пасти тахассус, надоштани малакаи ва ё дараҷаи касбӣ, паст будани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқӣ, надонистани забони хориҷӣ ва талаботи бозори меҳнат кишварҳое, ки ба қувваи корӣ ниёз доранд.
Дар ҷомеаи муосир муҳоҷирати меҳнатӣ на ҳамчун мушкилот, балки зарурат, қисми ҳаёти гурӯҳи муайяни одамон ба ҳисоб рафта, сатҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро муайян мекунад. Ҳамчунин, барои баъзе гурӯҳҳо он ҷанбаҳои фарҳанг ва анъанаҳои миллиро ташкил медиҳад [, с.99].
Муҳоҷирати меҳнатӣ дар асл фаъолияти дорои хусусияти манфӣ нест, чуноне ки дар аксари мавридҳо он ҳамчун мушкилот эътироф ва баррасӣ карда мешавад. Муҳоҷирати меҳнатӣ тарзи ҳаёти табақаи муайяни шахсоне мебошад, ки барои худкифоӣ, фаъолияти меҳнатӣ, соҳиби шуғл шудан ва беҳтар кардани вазъи иқтисодӣ дар ҷомеа талош мекунанд.
Дар Тоҷикистон муҳоҷирати меҳнатӣ дар давраи гузариши кишвар ба низоми нави давлатӣ ва иҷтимоӣ пайдо шуд. Ин давра, мисли дигар кишварҳои пасошӯравӣ, барои Тоҷикистон ғайричашмдошт буд ва боиси коҳиши иқтисодиёт ва таъминоти иҷтимоии аҳолӣ гардид. Дар баробари ин омилҳо ҷанги шаҳрвандӣ пешорӯ омад, ки ба иқтисодиёт ва худкифоии иҷтимоии кишвар таъсири дучанди манфӣ расонид.
Тоҷикистон бо аҳолии ҷавонаш кишварест дорои захира ва қувваи меҳнатӣ, 57,1 фисади аҳолӣ қишри қобили меҳнат мебошад, ки дар таносуб ба талаботи бозори меҳнат ва ё шуғл зиёд (изофа) аст [, с.54]. Аз ин рӯ, дар баробари дигар омилҳо изофаи қувваи кории кишвар низ ба шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат мекунад.
Имрӯз қисми назарраси ММД-и ҷумҳурӣ аз маблағҳое иборат аст, ки дар натиҷаи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷа ба даст омадаанд, яъне муҳоҷирати меҳнатӣ дар рушди вазъи иқтисодии кишвар мавқеи муҳимро ишғол мекунад.
Дар айни замон, муҳоҷирати меҳнатӣ дар баробари аҳамиятнокӣ пайомадҳои дорои хусусияти манфии муайянеро ба бор овардааст, ки ин махсусан дар соҳаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба назар мерасад. Мувофиқи таҳлилҳо 37,8% муҳоҷирони меҳнатӣ азм доранд, ки дар Русия ба таври доимӣ бимонанд; ҳамкорӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ/шаҳрвандони мо заиф аст; Ҷамъияти миллӣ ва дигар намояндагиҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамкории зич надоранд; 25,8% муҳоҷирони меҳнатӣ амалан ба ҳаёти ҷамъиятии кишвар таваҷҷӯҳ надоранд; 14,4% шаҳрвандони мо намедонанд, ки пас аз хатми мактаб фарзандонашонро ба кадом намуди таҳсилоти касбӣ равона созанд [, с.10–15].
Яке аз мушкилоти асосии муҳоҷирати меҳнатӣ ин фаъолияти меҳнатии ғайрирасмии онҳо дар хориҷ, бахусус дар Федератсияи Русия мебошад. Тибқи маълумоти расмӣ шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2024 ба 550 ҳазор нафарро ташкил дода, аз ин беш аз 120 ҳазор (ё 21,8%) нафар фаъолияти меҳнатии ғайрирасмӣ доранд [].
Ин мушкилот низ, аз якчанд омил иборат аст, аз ҷумла надоштани маълумоти касбии зарурӣ ва паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии муҳоҷирон, аз як тараф, аз тарафи дигар ба таври сунъи ташкил гардидани шароити (ҷалб гардидан ба) фаъолияти ғайрирасмӣ аз ҷониби кордиҳандагони кишварҳои будубош (қабулкунанда). Охирин бо мақсади саркашӣ кардан ва дурӣ ҷустан аз супоридани андозҳои давлатӣ ҷорӣ гардидааст, чун зимни фаъолияти расмии меҳнатӣ якчанд намуди андозҳо ситонида мешаванд.
Ҳудуди 85 фисади муҳоҷирони меҳнатӣ маълумоти касбӣ надоранд, зимнан, аксари онҳо дар гурӯҳи корҳои пастсифат ва камарзиш, аз ҷумла дар самти сохтмон 345 ҳазор нафар (64,4%) ва дар самти савдо 79,3 ҳазор навар (13,3%) фаъолият доранд, дар гурӯҳи корҳои баландмақому гаронарзиш бошад, ба мисли фаъолияти касбӣ, илмӣ, техникӣ, маъмурӣ ва ғайра ҳамагӣ то 1% машғул мебошанд [, с.64]. Албатта, барои миллати дорои тамаддуни қадима ва таъриху фарҳанги ғанни ин рақамҳо нанговар ва ташвишовар аст.
Ҳазамон, мушкилоте, ки ҷомеаро нигарон мекунад, ин сатҳи пасти ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Чи тавре болотар зикр гардид, имрӯз гурӯҳи зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ дар хадамоти дахлдори расмӣ ба қайд гирифта нашудаанд ва ин ба он оварда мерасонад, дар оянда онҳо аз имтиёзҳои иҷтимоӣ, бахусус нафақа фориғ мемонанд. Шумораи зиёди ҷавонон оила барпо мекунанд ва барои кор ба хориҷа мераванд, ки дар натиҷа оилаҳои носолим, талоқ, низоъҳои оилавӣ ва ғайра ба вуҷуд меоянд. Илова бар ин, шумораи зиёди фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ аз таҳсилоти муносиб ва нигоҳубини комли волидайн, яъне аз тарбияи оилавӣ фориғанд. Дар маҷмӯъ, ин ва дигар мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ ба рушди ҷомеаи мо таъсири манфӣ мерасонад ва зарур аст, ки ҳарчи зудтар шиддати муҳофирати меҳнатӣ паст карда шавад.
Дар ҳошияи ин масъала насли ҷавони кишвар мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Дар соли 2016 шумораи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар 517 ҳазор нафар ба ҳисоб гирифта шудааст, ки 40 фисади онро ҷавонон ташкил медиҳанд [, с.105].
Ҷавонон ҳам захираи асосии рушди иқтисодӣ ва ҳам гурӯҳи пешбарандаи муносибатҳо ва тағйиротҳои иҷтимоӣ ва технологӣ (модернизатсия) мебошанд. Тафаккури эҷодӣ, ғоявӣ, қувваи (энергияи) пуриқтидор ва фаҳмиши зуди ҷавонон барои таъмини рушди пайвастаи ҷомеае, ки онҳо дар он зиндагӣ мекунанд, хеле аҳамиятнок аст.
Ба ибораи дигар, натиҷагирӣ аз стратегияҳои иҷтимоӣ ва иқтисодие, ки насли имрӯза бо мақсади рушд интихоб кардааст, аз насли оянда вобаста аст, зеро маҳз ҷавонон барнадаи ғояҳо, назарҳо, принсипҳои ахлоқӣ, инчунин шаклҳо, усулҳо ва арзишҳои ҳаёти ҷамъиятӣ арзёбӣ мегарднад. Аз ин рӯ, вазъи иҷтимоию иқтисодии насли ҷавон, ҳамчун пуркунандаи ояндаи захираҳои инсонӣ, — ки рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии ҷомеаро таъмин мекунад, — асосан мундариҷа ва вижагиҳои ояндаро муайян мекунад ва ин вазъ (муносибат бо ҷавонон) имрӯз муайян мекунад, ки кадом ғояҳо метавонанд амалӣ шаванд ва кадоме не. Яъне, сармоягузорӣ барои оянда ин сармоягузорӣ ба насли имрӯзаи ҷавонон аст.
Масъалаи дигаре, ки ҳалли он тақозо мегардад, ин дастгирии оилаҳои ҷавон ва мутахассисони ҷавон ҷиҳати таъмин бо манзили истиқоматӣ мебошад. Тавре аз таҳлилҳои боло бармеояд дар Тоҷикистон, мисли дигар кишварҳои рӯ ба инкишоф, оилаҳои ҷавон барои харидан ё сохтани манзил ва дастарсӣ ба қарзҳои бонкӣ (ипотекӣ) имконият надоранд.
Мутобиқи таҳлиҳои оморӣ 24,5 фисади аҳолӣ (64% аз шумораи умумии ҷавонон) ҷавонони синни издивоҷ мебошанд. Дар натиҷа, мушкилоти марбут ба таъминоти иҷтимоии оилаҳо афзоиш дорад, аз ҷумла норасоии манзили истиқоматӣ, сатҳи бекорӣ, низоъҳои оилавӣ ва ғайра [, с. 25].
Яке аз мушкилоти асосии марбут ба таъмини сифати хизматрасонӣ ин норасоии кадрҳо, бахусус дар соҳаи маориф мебошад. Азбаски шароит дар шаҳрҳо нисбат ба деҳот беҳтар аст, мутахассисони ҷавон, аз ҷумла омӯзгорон фаъолияти омӯгориро дар шаҳрҳо афзалтар медонанд ва дар натиҷа гурӯҳи муайяни ҷавонон пас аз хатми муассисаҳои олии касбӣ ба макони зисти худ, яъне ба маҳал / деҳот бар намегарданд.
Гузашта аз ин, барои дастгирии мутахассисони соҳибтахассус ҷиҳати таъмин бо манзил ва дигар намудҳои дастгириҳои иҷтимоӣ дар давраи муҳоҷират ё ҳангоми интиқол ба ҷои дигари кор шароити зарурӣ фароҳам оварда нашудааст, ки боиси норасоӣ ва кам будани ҳавасмандии мутахассисони ҷавон дар низоми маориф ва идоракунӣ мегардад.
Ҳамин тариқ, бо назардошти мушкилоти мавҷуда, таҳия ва татбиқи механизми дастгирии оилаҳои ҷавон ва мутахассисони ҷавон дар таъмини шароити муносиби зиндагӣ ба онҳо мувофиқи мақсад аст, аз ҷумла тариқи татбиқи барномаҳои дастгирии иҷтимоии давлатӣ ва ҷалби ташкилотҳои молиявӣ, қарзӣ ва бонкҳо дар таъмини қарзҳои имтиёзнок (ипотекӣ) барои харид ё сохтмони манзил.
Ҳамин тариқ, татбиқи сиёсати иҷтимоии ҷавонон дар ҳолати имрӯза заиф арзёбӣ мегардад. Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таҳияи механизмҳои нав ва устувори дастгирии иҷтимоии ҷавонон зарур аст. Дар ин робита, истифодаи имкониятҳо ва захираҳои мавҷуда бо муттаҳид кардани талошҳои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор — ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва ҳокимияти давлатӣ аҳамиятнок аст.
1.3.1.6 Таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон
Сиёсати давлатии ҷавонон бар он асос ёфтааст, ки ҳама гуна ҳуқуқ ва озодиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фардии шаҳрвандони ҷавон, ки дар Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, бояд эътироф карда шаванд. Пеш аз ҳама, Ин ҳангоми татбиқи амалии ҳамаи ҳуқуқ ва манфиатҳое, ки қонунгузорӣ дар ҷомеаи муосир нисбат ба ҷавонон муайян кардааст, ба назар гирифта мешавад.
Ҷавонон бинобар мавқеи иҷтимоию ҳуқуқии маҳдуди худ ҳамарӯза ба фишор ва ё таъсиррасонии манфии — «ҳукмфармоии» қишри калонсол дучор мешаванд. Ин муносибатҳо ҳамчун меъёрҳои умумиҷтимоии қабулшуда ва дорои хусусияти рафторӣ, равонӣ ва физиологӣ дар раванди тарбияи насли наврас ба таври васеъ амалӣ мегарданд. Мувофиқан, ҳамчун вокуниш дар ҷомеа афзоишёбии падидаҳои манфӣ дар байни ҷавонон мушоҳида мегардад, ки мо онро муфассалтар баррасӣ хоҳем кард.
Албатта, дар шароити тарбияи ҷавонон то ба замони қобили амал гардидани онҳо татбиқи василаҳои фармоишии тарбиявӣ раво аст, аммо аз онҳо набояд сӯиистифода кард.
Дар муҳити ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир дар баробари мушкилоти асосии ҳуқуқӣ рафтори номатлуб ё манфии ҷавонон афзоиш меёбад, ки ин боиси афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ, танфурӯшӣ, нашъамандӣ ва ғайра мегардад.
Рафтори номатлуб, ин амал ва кирдори шахсест, ки ба меъёрҳо, интизориҳо ва вазифаҳои муқарраршуда ё мавҷудаи иҷтимоӣ дар ҷомеа мувофиқат намекунад.
Умуман, муносибатҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа ба ду маъно фаҳмида мешавад: 1) мусбат, ки ба рушди устувори низоми муносибатҳо, тақвияти сатҳи ташкилии онҳо ва таҳким бахшидан ба рафтори мутташаккилона мусоидат мекунанд, ба мисоли фаъолияти эҷодкорӣ, илмӣ, идоракунӣ, ихтироот ва ғайра ва 2) манфӣ, ки ба ташаккул ё рушди низоми муносибатҳо халал мерасонад ва монеъ мегардад, аз қабили, тундгароӣ, хурофот, экстремизм, ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, танфурӯшӣ ва ғайра.
Фарқи байни рафторҳои мусбат ва манфӣ дар он аст, ки рафтори аввалӣ созанда аст, дар ҳоле ки рафтори дуюмӣ харобиовар мебошад. Аммо, муаммо дар он аст, ки яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад; яъне онҳо бо ҳам алоқаманданд. Аз ин рӯ, аз замони пайдоиши инсоният дар ҷаҳон некӣ ва бадӣ, бесарусомонӣ ва тартибот, ахлоқ ва бадахлоқӣ ва ғайра дар муборизаи абадӣ вуҷуд дорад.
Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки муносибат ба рафторҳои ғайриахлоқӣ дар байни гурӯҳҳои ҷавонон баъзан фарқ мекунад. Гурӯҳи муайяни ҷавонон дуздӣ, зӯроварӣ, ғорат, қалобӣ, танфурӯшӣ ва роҳзаниро то андозае ҷиноят намешуморанд. Яъне, нерӯ ва ё диди равонии онҳо хароб гардида, бадро бо нек омехта намуда, аз амалу рафторҳои бадахлоқонаи хеш ҳаловат мебаранд.
Оқибатҳои манфии шинос шудан ба саҳнаҳои бераҳмӣ ва зӯроварию таҷовуз дар воситаҳои телевизион ва Интернет ба неруи равонии кӯдакон ва ҷавонон зарба зада, онҳоро ба тақлидкорӣ ва намоиш додани худ ба мисли «қаҳрамонҳо» -и дӯстдошта такон медиҳанд. Робитаи эҳсосотӣ бо бузургқаҳрамонҳои беҳамто, саргузаштҳои ошиқӣ, задухӯрдҳо ва муборизаҳо эътиқод ва эътимодеро ба вуҷуд меоранд, ки танҳо тавассути истифодаи қувваи ҷисмонӣ метавон ба муваффақият ва хуб гардидани сатҳи зиндагӣ ноил шуд. Дар натиҷа, шахси ҷавон аксар вақт ба ҳолате (интихобе) рӯбарӯ мешавад: кӣ бояд шавад, қурбонӣ ё ҷинояткор? Бисёриҳо роҳи дуюмро интихоб мекунанд ва сабаби ин интихоб асосан аз «таваҷҷуҳи» насли калонсол маншаъ мегирад.
Дар байни наврасон ва ҷавонон, аз ҷумла ятимон ва кӯдакони кӯчагард ҳолатҳои зиёди ҷиноятҳо, аз қабили дуздӣ, роҳзанӣ, ҳамла, зӯроварӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ғайра ба қайд гирифта шудаанд. Дар солҳои охир, ҷинояткории ҷавонон, бахусус дар байни ноболиғон афзоиш ёфта истодааст. Дар соли 2024 шумораи ҷиноятҳои бақайдгирифташуда 22315 ҳазор ҳолатро ташкил медиҳад, ки аз ин 3964 ҳолат (17,7%) ба ҷавонон рост меояд. Мутаассифона, ҳолати зиёди ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон содир карда мешаванд, ки ин хеле нигаронкунанда аст [].
Сабабҳои асосии ҷинояткории ҷавонон рафтори номатлуб ва одатҳои бад мебошад. Тибқи таҳқиқоте, ки аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва роҳнамоии ҷавонон гузаронида шуда буд, ҷавонон чунин рафторҳоро манфӣ арзёбӣ мекунанд: таҳқир (64,9%), кашидани тамоку (бинӣ) (63%), таҷовуз (61%), танфурӯшӣ (57%) ва ғайра [, с.7–9].
Тавре аён аст, таҷовуз сеюмин шакли маъмултарини рафтори номатлуб арзёбӣ мегардад, дар ҳоле ки маъмултар тамокукашӣ ва таҳқири касе мебошад.
Ба саволи «Шумо кадом намудҳои рафтори номатлубро амалӣ кардаед?» ҷавобҳо чунин буданд: 25%-таҳқир кардан, 16%-корҳои аблаҳона кардан, 13%-беандеша рафтор кардан, 12%-роҳзанӣ, 10%-амалҳои зӯроварӣ, 7%-тамоку кашидан, машрубот нӯшидан ва 5%-маводи мухаддир истеъмол кардан.
Новобаста аз он ки маълумоти таҳлилии боло каме кӯҳна шуда бошад ҳам, вазъ ҳоло ҳам беҳбудиро талаб мекунад, рафторҳои номатлуб ва намудҳои ҳуқуқвайронканӣ қариб ки тағйир наёфтааст.
Яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини тарбияи ҷавонон иштироки доимии волидон дар ҳаёти онҳо ба ҳисоб меравад. Набудани робитаи самии эҳсосот ва ё меҳрубонӣ байни ҷавонон ва волидон дар оила метавонад ба осеби равонии бебозгашт оварда расонад, ки дар натиҷа ба рафтори хашмгинона ва бадахлоқонаи шахси ҷавон боис мегардад. Чуноне, ки олими Ғарб, Б. Спок иброз кардааст: «Ҷинояткорон аз ҳисоби он кӯдаконе ба воя мерасанд, ки на аз муҷозоти аз ҳад зиёд, балки аз набудани муҳаббат азоб мекашанд» [, с.226]. Муҷозот на танҳо таҷовузро (зӯровариро) аз байн намебарад, балки онро ташвиқ менамояд ва тақвият мебахшад, — инро озмоишҳои зиёди байни кӯдакон ва таҷрибаҳои алоқаманди анҷомдода, тасдиқ мекунанд. Мутобиқи таҳлилҳо аксар афроде, ки ба ҷиноятҳои таҷовузкорона даст задаанд, дар айёми кӯдакӣ аз ҷониби волидон ва дигар калонсолон таҳқир, таҷовуз ва амалҳои дигари номатлубро дидаанд.
Дар ҳақиқат, агар дар муносибати волидайн ва фарзанд меҳр, муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ кам бошад ё набошад, кӯдак хашмгин ва ё бадхӯй (бадахлоқ) ба воя мерасад. Зимнан, ин хашм ва бадхӯӣ на танҳо ба волидон, балки ба муҳити иҷтимоӣ, мактаб ва дӯстони ӯ низ нигаронида мешавад.
Вақтҳои охир бинобар паст будани сатҳи нигоҳубини кӯдакон аз ҷониби волидон ва сатҳи пасти дониши ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ҷавонон бештар ба ҳаракатҳои гуногуни иртиҷоӣ ҳамроҳ шуда истодаанд. Дар ин робита, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз мекунад: «Дар солҳои охир терроризм ва экстремизм ба як таҳдиди ҷаҳонӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро нигарон мекунад. Афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ ба густариши терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои радикалӣ, ҷалби ҷавонон ба созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳона дар кишварҳои хориҷӣ мусоидат мекунад» [].
Дар ҳақиқат, имрӯз мушкилоти экстремизм ва терроризм на танҳо як масъалаи миллӣ, балки ба як масъалаи ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст, зеро он аз марзҳо, фарҳангҳо ва миллатҳо фаротар доман дорад. Аммо, дар кишварҳое ба монанди Тоҷикистон, ки аҳолии он ҷавон аст, бояд ба омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда шавад, зеро онҳо боиси рушди ҷинояткорӣ, экстремизм ва дигар рафторҳои манфии иҷтимоӣ мегарданд.
Дар робита ба ин, дар ҳошияи рушди сиёсати давлатии ҷавонон фаъолсозии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳаи маориф, фарҳанг ва тарбияи идеологии ҷавонон таҳияи низоми ягонаи таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон зарур аст, то инки дар самти муқовимат ба омилҳои номатлуб ва тундгароии шаҳрвандони ҷавон тадбирҳои тарбияи рафторӣ, фарҳангӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон ба таври муназзам таҳия ва амалӣ гардонида шаванд.
1.3.1.7 Вазъи иқтисодии ҷавонон
Вазъи иқтисодии ҷавонон асосан аз сатҳи шуур, маърифат ва рафтори онҳо вобаста аст. Шуур на танҳо хусусият ва сифати фаъолияти инсонро муайян мекунад, балки ҳангоми интихоби воситаҳои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда ба мавқегирии маънавӣ низ мусоидат мекунад. Одатан шуури иқтисодӣ бо доираи объекти алоқаманд маҳдуд аст, аммо ҳамчун як шакли шуур, он дорои ҳамаи хосиятҳои табиӣ мебошад, аз ҷумла ҳушдор намудан аз ниёзҳо, талабот, арзишҳо ва манфиатҳо. Тавре маълум аст, маҳз ҳамин ҳушдорсозӣ ва ё огоҳонӣ шакли аслии муносибати фаъол ва интихоби инсонро нисбат ба шароити муҳити зист ифода мекунад.
Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки рафтори инсон аз дар асоси таъсири мутақобилаи байни шуур ва воқеият муайян карда мешавад, ки ба ташаккулёбии арзишҳои ҳаётӣ таъсир мерасонад ва баръакс, арзишҳои аллакай ташаккулёфта асосан ба дарки воқеият боис мегарданд. Дар робита ба ин, баррасии ҷанбаҳои иҷтимоии ташаккули иқтисоди бозорӣ аҳамияти хосса пайдо менамояд.
Зимнан, вазъи иқтисодии ҷавононро танҳо дар ҳолати мутобиқшавии онҳо ба талаботи давраи гузариш — иқтисоди бозоргонӣ беҳтар кардан мумкин аст, ки ин, дар навбати худ, аз рафтори дуруст, малака ва дониши андӯхтаи онҳо вобаста аст.
Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро оилаҳои серфарзанд ташкил медиҳад. Тибқи як таҳқиқоти демографӣ ва тиббӣ, ба ҳар зан 4,8 кӯдак рост меояд, яъне ҳар як оила ба ҳисоби миёна 5—6 фарзанд дорад [, с.13]. Ин маънои онро дорад, ки сарфи назар аз вазъи ноустувори иқтисодӣ афзоиши сатҳи таваллуд ҷой дорад. Бо вуҷуди ин, даромади миёна ба сари ҳар нафар 1174 сомонӣ (124 доллари ИМА) дар як моҳ аст, ки ба воқеияти вазъи даромад ва хароҷоти оила мутобиқат намекунад. Зеро, ба аксари оилаҳо 1—2 нафар шуғлманд, даромад бадастоваранда, аммо 5—6 нафар истеъмолкунанда рост меояд [, с.48].
Дар ин масъала дар Гузориши Рушди Ҷаҳонӣ «Рушд ва Насли оянда», ки соли 2007 нашр шудааст, иброз мегардад, ки: «Ҷавонони имрӯза коргарони фардо, соҳибкорон, волидон, шаҳрвандони фаъол ва албатта, пешвоёни ҷомеа мебошанд. Аз сабаби коҳиши сатҳи таваллуд, ҷавонони имрӯза нисбат ба насли волидонашон фарзандони камтар хоҳанд дошт. Ин, дар навбати худ, метавонад ба афзоиши босуръати рушди иқтисодӣ тавассути афзоиши саҳми аҳолии қобили корӣ ва ҷамъоварии пасандозҳои оилавӣ хизмат кунад. Кишварҳои сарватманд ва камбизоат бояд ин имкониятро пеш аз он ки дар натиҷаи пиршавии аҳолӣ аз даст дода шавад, истифода баранд. Ин ба ноил шудан ба суръати баланди рушди иқтисодӣ ва таъмини коҳиши боз ҳам бештари камбизоатӣ мусоидат мекунад».
Дар шароити Тоҷикистон, ки сатҳи таваллуд афзоиш меёбад, ин масъала — банақшагирии оила ва танзим намудани (коҳиш додани) сатҳи таваллуд, — ба рушди динамикии иқтисодӣ ва дар натиҷа, беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ ва дигар манфиатҳо имконпазир мегардад.
Дар ҳақиқат, бо пеш гирифтани ҳадаф ҷиҳати сармоягузорӣ ба ҷавонон ба таҳсилоти онҳо, танзим ва банақшагирии оила, тарзи ҳаёти солим ва иштироки онҳо дар дигаргунсозиҳои (рушди) сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мо мтеавонем ба рушди динамикӣ ва устувори ҷомеа бирасем.
Рушди иқтисодии ҷавонон асосан аз худи ҷавонон, рафтори онҳо, мутобиқшавии онҳо ба шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва шуғлнокии онҳо дар ҳошияи ташаббускорӣ ва тавсеа қобилиятнокии худ вобаста аст. Имрӯз барои таҳким бахшидани худташаккулёбӣ ва худшиносии ҷавонон, дарёфти мавқеъ дар зиндагӣ корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Ин навбат, зарур аст, ки тақлиду пайравии насли калонсолро як тараф гузошта, шахси ҷавон бояд худ чора андешад, ҳомии ояндаи зиндагӣ худ бошад, ба муассисаҳои таълимии касбии мувофиқ дохил шавад, тахассус омӯзад ва малакаҳои касбии муосирро аз худ кунанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати имрӯза барои шуғли ҷавонон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Имрӯз ҳар як ҷавоне, ки дорои малакаҳои зарурӣ аст, метавонад соҳибкории (тиҷорати) худро диҳад, ширкат кушояд, корхона созад, хадамоти иҷтимоӣ ва ғайра ташкил намуда, ҳамзамон шумори зиёди ҷавононро ба кор ҷалб кунад.
Дар ҷомеаи муосир, дар аксари кишварҳо яке аз манбаъҳои асосии даромади оила фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Ин намуди фаъоляит роҳи осонтарини ба даст овардани шуғл аст, зеро он бисёрҷанба буда, хадамоти гуногуни кушодаро фаро мегирад ва ё ба бозори меҳнат пешниҳод менамояд ва барои ҳар касе, ки хоҳиш, дониш ва малака зарурӣ, ҳатто заминавӣ барои оғоз кардани тиҷорати худро дорад, дастрас аст.
Дар шароити Тоҷикистон, дар давраи гузариш гурӯҳи зиёди шаҳрвандон ба тиҷорати хурд рӯ оварданд. Истеҳсолот рушд карда истода, коргоҳҳо ва корхонаҳои хурд, хоҷагиҳои хусусӣ ва ширкатҳои гуногун таъсис дода шуданд. Имрӯз соҳибкорӣ яке аз манбаъҳои асосии даромади аҳолии кишвар ва тамоми иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Аммо, масъалаи омӯхтан ва ё аз худ кардани рисолати воқеии соҳибкорӣ, аз ҷумла таҳким бахшидани сатҳи дониш ва малака барои пешбурд, рушд ва васеъ гардонидани тиҷорати худ дар байни ҷавонон ҳанӯз ташвишовар боқӣ мемонад. На ҳама дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ дониш ва малакаи зарурӣ доранд, аксар ин заруратро дарк намекунанд ва гурӯҳе низ ҳаст, ки ба ғизои маънваӣ (дониш) майлу хоҳиш надоранд. Илова бар ин, монеаҳои муайяни қонунгузорӣ ва анъанавӣ дар роҳи рушди соҳибкорӣ мавҷуданд, ки ногузир ба соҳибкорони умедбахш, яъне ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд. Қонунгузорӣ то ҳанӯз як механизми устувор ва ё ҷолиби ҳавасмандгардонии соҳибкорони ҷавони умедбахшро ба таври возеҳ муқаррар накардааст. Мисол, дар шароити ҳамсоякишвари мо, Чин, соҳибкор нафаре дониста мешавад, ки агар худ ва як нафари дигарро бо ҷойи корӣ таъмин намояд; мувофиқан ба ин гурӯҳи соҳибкорон имтиёзҳои гуногун, ибтидо аз давраи донишҷӯӣ то ба зинаи устувории фаъолият, муқаррар карда мешавад, яъне ҳокимияти давлатӣ ҳамроҳи доимии шахси соҳибкор аст.
Зимнан, шумори зиёди соҳибкорон ин хазинаи пури давлат аз ҳисоби андозҳо арзёбӣ мегардад.
Мтобиқи таҳқиқоти «Диаспора — шарики рушди Тоҷикистон» фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон барои ҷалби фаъоли сармоягузорони дохилӣ ноустувор аст. Ҳудуди 55 фисади муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиши оғоз кардани тиҷорат дар Тоҷикистонро надоранд; илова бар ин, 56,7 фисади онҳо ҳатто бо қарзҳои бефоиз намехоҳанд машғули соҳибкорӣ шаванд. Дар гузориши расмии Форуми ҳамватанон дар бораи «Ҷалби диаспора барои рушди миллӣ» омилҳои асосие, ки мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ бояд ба назар гиранд, муайян карда шудаанд. Масалан, 33 фисади муҳоҷирони меҳнатӣ бинобар сабаби мавҷуд будани фасод (коррупсия), 31% — ноустувории иқтисодӣ ва 22 фисад бинобар паст будани сатҳи эътимод намехоҳанд ба рушди Тоҷикистон саҳмгузор бошанд [, с.38]. Албатта, то андозае ба ин маълумот розӣ нашудан мумкин аст, чун он 11 сол қабл ҷамъоварӣ гардидааст, аммо онро мушоҳида кардан мумкин аст, ки воқеан, то ҳол ягон низоми сармоягузорӣ ва ё бақайдгирии саҳмгузории муҳоҷирони меҳнатӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ташаккул наёфтааст.
Ин маънои онро дорад, ки дар ҳақиқат дар ҷомеа гурӯӯҳи мушкилоте вуҷуд доранд, ки монеи рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ мешаванд ва дахолати мақсаднок зарур аст.
Дар робита ба ин, шахсони ҷавонро мебояд тиҷорати худро ташкил намоянд, малакаҳои заруриро ба даст оварда, касбу ихтисоси дуруст ва муносибу мувофиқ ба бозори меҳнатро интихоб намоянд. Ҳамзамон, ҳокимияти давлатӣ бояд барои рушди соҳибкории ҷавонон ҳарчи бештар шароит фароҳам оварад ва барои ниҳодҳое, ки ингуна ташаббусҳоро дастгирӣ мекунанд имтиёзҳои мушаххас ва натиҷабор муқаррар созад.
Яке аз ҳадафҳои асосии рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон, ин таъсиси механизми муосир барои дастгирии барномаҳои тиҷоратии соҳибкорон ва шаҳрвандони ҷавоне, ки соҳиби тиҷорати муайян ҳастанд, арзёбӣ мегардад. Бинобар он, ки аксарият дар деҳот зиндагӣ мекунанд, дар самти рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар байни ҷавонон намудҳои гуногуни соҳибкориро роҳандозӣ кардан мумкин аст, масалан таъсиси хоҷагиҳои ёрирасони боғдорӣ, парвариши картошка, ҷамъоварии асал ва дигар корҳои деҳот.
Барои ҳавасмандгардонии соҳибкорони ҷавони оянда таъсиси мехнизми дастгирӣ ва омодасозии (таълиму таҷрибаомӯзӣ, таъмини шароити маишӣ, маблағгузории) соҳибкорони ҷавон ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ мувофиқи мақсад хоҳад буд. Дар давоми таҳсил соҳибкорони ҷавонро (ояндаро) метавон ба гурӯҳҳо тақсим кард ва дар самти таъсиси корхонаҳо, коргоҳҳо ва татбиқи фаъолияти муосири соҳибкорӣ омӯзиш дод.
Бешубҳа, барои ноил шудан ба ин ҳадаф, рушди соҳибкории ҷавонон, пеш аз ҳама истифодаи шароити мавҷуда, захираҳои сармоягузории дохилӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ зарур аст. Аз ин рӯ, зарурати роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои иҷтимоӣ (грантҳо) ва татбиқи самараноки фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, ҳамчунин маркази омодасозии лоиҳаҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла дар ҳошияи рушди хизматрасониҳои рақамӣ ва инноватсионӣ барои ташкили фаъолиятҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии ҷавонон ба миён омадааст. Ин ташаббус, дар навбати худ метавонист ба шуғлнокии ҷавонон тавассути рушди тиҷорати хурду миёна таъсири мусбат расонад.
Зарур аст, ки имкониятҳо, захираҳо ва иқтидори бахши тиҷорат, ҷавонон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун як ниҳоди муштарак муттаҳид карда шаванд ва дар заминаи таҳияи сиёсати давлатии ҷавонон лоиҳаҳои муштараки иҷтимоию иқтисодӣ ва мутақобилан судманд таҳия ва амалӣ карда шаванд.
1.3.1.8 Тарбияи ватандӯстӣ ва шаҳрвандии ҷавонон
Тарбияи ватандӯстӣ, шаҳрвандӣ, худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон унсури асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1995 «Барномаи тарбияи ҷавонони Тоҷикистон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ» -ро қабул кард.
Ташаккул ва талқин намудани тарбияи шаҳрвандӣ ва ҳамчун мерос гузоштани усулҳои хоси тарбиявӣ ба наслҳои оянда асоси раванди иҷтимоишавӣ — азхудкунии арзишҳо, эътиқодҳо, меъёрҳо, анъанаҳо ва дастовардҳои наслҳои қаблӣ мебошад.
Дар шароити муосири ҳаракати шадиди равандҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа, тарбияи ҷавонон бояд дар якчанд ҷанба баррасӣ карда шавад, ки ба сатҳ ва самти худамалисозии шаҳрвандӣ мутобиқат кунад. Ин равишро ҳамчун ҷанбаи аҳамиятноки фаъолияти шаҳрвандии ҷавонон, таҷассумкунандаи амалҳои воқеии ангезаҳо, ниёзҳо ва малакаҳои дорои хусусияти фарҳангӣ фаҳмидан мумкин аст.
Давраи гузариши кишвар ба иқтисоди бозорӣ ва дар натиҷа тағйир ёфтани баъзе арзишҳои миллӣ наметавонист боиси пайдо шудани вазъияти номутобиқшавии иҷтимоӣ ва ноумедӣ дар байни аҳолӣ гардад, ки ин ба ҷаҳони арзишҳои хоси ҷавонон таъсири мустақим гузошт. Ҷустуҷӯи мавқеи худ дар ҷомеаи муосир, тамаркуз ба пешрафти босуръати мавқеъгирӣ, ҳамзамон, номутобиқшавии шадиди иҷтимоӣ ва ғайра ба махсусияти фарҳангии худамалигардии ҷавонон боис гардид.
Асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан, таъмини амнияти давлат ва миллат, ҳифзи якпорчагии қаламрав ва манфиатҳои миллӣ ташкил медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ дар мулоқот бо ҷавонони ҷумҳурӣ, 21 майи соли 2005 қайд кард: «Ба андешаи ман, рафтор, амал ва сатҳи фарҳанги ҷавонон ва наврасони мо дар даҳ-дувоздаҳ соли охир ба таври назаррас беҳтар шудааст; эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар байни онҳо тақвият меёбад ва мо аз ин хеле қаноатмандем. Мо бояд инро ҳамчун як падидаи мусбат ва рӯҳбаландкунанда арзёбӣ кунем ва ба густариши он саҳм гузорем» [].
Бесплатный фрагмент закончился.
Купите книгу, чтобы продолжить чтение.