Миралиён Қиёмиддин сиёсатшинос, доктори илмҳои сиёсӣ, ходими сиёсӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 5-ум) мебошад. Барои фаъолияти пурмаҳсул бо Ҷоизаи ба номи Исмоилӣ Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илму техника, Ифтихорномаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нишони фахрии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ барои ҳамкориҳои байналмилалӣ ва бо чанде дигар медалу ифтихорномаҳои соҳавии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ сазовор гардонида шудааст.